Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1154153
Сегодня
7
На этой неделе
109
В этом месяце
1950
Итого
1154153
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.08.2021

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Имрӯз санаи 18 август, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Раиси шаҳр муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода кормандону собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳрро бо иди касбиашон муборакбод намуда, аз дастоварду комёбиҳои ин соҳа қайд карда гузашт.
Аз ҷумла зикр карда шуд,ки иди касбии кормандони тиб бо солгарди поягузори илми тиб ва мутафаккири оламшумул Абӯалӣ ибни Сино иртиботи қавӣ дорад. Имрӯзҳо табибони шаҳрамон дар қатори дигар духтурони вилояту ҷумҳурӣ бо фаъолияти пурмаҳсулашон собит карда истодаанд, ки ворисони арзанда ва ҳақиқии гузаштагон мебошанд. Хусусан, имрӯзҳо,ки инсоният дар назди паҳншавии бемории сироятии коронавирус қарор дорад,табибон дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла табибони шаҳрамон ҳамарӯза матонату корнамоӣ нишон дода,ҷони худро дар хатар гузошта беморони зиёдро аз ҳалокат наҷот дода истодаанд,ки ин боиси сазовори таҳсину офаринҳо мебошад. Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалҳои кормандони соҳаи тибро махсус қайд намуда буданд,ки "Бо истифода аз фурсат,ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда,барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям".
Маҳз бо сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустӣ низ диққати махсус дода,тайи солҳои охир садҳо иншоотҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ баҳри пешрафти соҳаи тандурустӣ мунтазам чораву тадбирҳои судманд андешидашуда, рушди соҳаро мавриди таваҷҷӯҳи доимии хеш қарор додааст. Дар ин раванд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони биноҳои нави Маркази саломатии деҳаи Ғалаба ва бунгоҳи тиббии деҳаи Сайҳун ҷараён дошта,сохтмону азнавсозии дигар иншоотҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин қайд гардид, ки дар муассисаҳои тандурустии шаҳрамон 2388 нафар кормандони тиб кору фаъолият дошта, аз онҳо се нафар номзадҳои илми тиб буда 25 нафар бо унвони аълочии тандурустӣ сарфароз карда шудаанд. Имрӯзҳо заҳмату меҳнати пуршарафи кулли кормандони соҳа дар нигаҳдории саломатии мардум басо назаррас мебошад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба табибон Калонов Ҳасан Эшонович, Сатторова Марҳабо,Узоқова Олия ва Меликзода Ҳикматулло нишони сарисинагии "Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба Ёқубов Аҳмадхӯҷа Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самиев Ҳусейн, Нурзода Амирҷон, Ғаниев Неъматҷон, Қосимов Ғанӣ, Шукуров Шокир, Абдуллоев Фаррух, Сангинов Илҳом ва табибони дигар, инчунин ҳамшираҳои шафқат Сипосномаи раиси шаҳр супорида, ба собиқадорони соҳа Ғаниев Наимҷон, Абдулкаримова Любов, Ибрагимова Матлуба, Бобоҷонов Усмонҷон, Султон Эмин,Назаров Рашид, Набиев Қаюм,Ҳамзамон Обидҷон,Маҳкамов Алибой ва Абдуллоева Матлуба туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Возврат к списку новостей