Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1168183
Сегодня
4
На этой неделе
211
В этом месяце
2330
Итого
1168183
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

04.08.2021

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом

4 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ ширкат варзид.
Майдончаи варзишӣ барои футболи хурд пешбинӣ гардида, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Искандаров сохта шудааст. Барои бунёди иншооти варзишӣ 300 ҳазор сомонӣ сарф гардида, ҳамакнун сокинони деҳаи Шӯробқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯзҳо 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Дар соли 2020 дар маҷмӯъ, 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 9 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Танҳо тайи 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом, Мастчоҳ ва Айнӣ варзишгоҳҳои бузурги замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорон низ дар бунёди иншооти варзишӣ назаррас буда, мавҷудияти чунин иншоот барои ҷалби аҳолӣ ба варзиш мусоидат хоҳад кард.
Сипас, аз номи Раиси вилоят барои 15 нафар маъюбон дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо тӯҳфаҳо супорида шуд.
Возврат к списку новостей