Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1168182
Сегодня
3
На этой неделе
210
В этом месяце
2329
Итого
1168182
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

05.08.2021

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Конибодом

4 август Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Боиси зикр аст, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бунёду азнавсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз нақшаи пешбинишуда беш аз 92 дарсад иҷро гардидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳини боздид сохтмони боғчаи бачагонаи рақами 10, бинои​ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 15 ва 7, бинои истиқоматии баландошёна бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулин супоришҳо дод.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ​ қарорҳои Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, №51 “Дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят​ зиёда аз 7200 иншооти гуногун бунёду азнавсозӣ карда шуд.
 
Возврат к списку новостей