Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1149360
Сегодня
73
На этой неделе
150
В этом месяце
150
Итого
1149360
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

19.07.2021

Табрикоти Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Иди саиди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!
Иҷозат диҳед, Шумоён – мардуми сарбаланди Канди бостониро бо фарорасии Иди саиди Қурбон самимона шодбош намуда, бароятон бахту иқболи баланд, зиндагии босаодат, тандурустиву хонаободӣ, некрӯзиву хушбахтӣ ва барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ таманно намоям.
Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатиамон яке аз гиромитарин оинҳои суннатии эътиқодиву динии миллати куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, аз он шукргузорӣ менамоем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин иди муборак мақому манзалати хосро доро гардида, он аз ҷониби сокинони кишварамон дар сатҳи баланди маънавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Боиси сарфарозист, ки мардуми мусалмони диёрамон фарзу суннатҳои ин иди саидро бо камоли эҳтиром ба ҷо оварда, баробари муборакбодии самимонаи ҳамдигарӣ, хотири гузаштагонро гиромӣ медоранд, аз ҳама муҳим, бо садоқат ба одобу анъанаҳои ниёгонамон аёдати беморону барҷомондагон ва ятимону ниёзмандонро ба ҷо оварда амалҳои неку хайрро бо дасту дили пок анҷом медиҳанд.
Дини мубини ислом саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, муҳаббату самимият, ахлоқи ҳамида, меҳру шафқат ба ҳамдигар ва накӯкориву хайрхоҳӣ буда, дар ташаккул ва такомули ахлоқиву маънавии инсон нақши арзишманд дорад.
Тавассути сиёсати оқилонаву дурандешона ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти арзишҳои дини мубини ислом, пеш аз ҳама пояҳои мазҳаби баргузидаи тамоми сокинони кишвар – мазҳаби Имоми Аъзам (р) яке аз омилҳои асосии ваҳдату ягонагӣ, меҳру садоқат миёни мардуми кишвар ва ғояҳои муқаддаси он, сарчашмаи ҳамаи амалҳои хайру бунёдкорона ба ҳисоб рафта, он ба канораҷӯиҳо аз падидаҳои бегонапарастиву ифротгароӣ ва амалҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Аз ин хотир ҳар яки моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз фазои орому озод ва шароити мусоид ба эътиқоди динӣ барои тақвияти истиқлоли кишвар, ободии ватани азиз, пойдории сулҳу ваҳдат, тарбияи фарзандон, алалхусус пешгириии онон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бо дасту дили пок ҳалол заҳмат кашида,ҷашни таърихии кишвар - 30 солагии Истиқлолияти давлатиро бо амалҳои созандаву бунёдкорона истиқбол намоем.
Гузашта аз ин дини мубини ислом тарғибгари покию сиҳатии инсон аст. Бинобар ин дар рӯзҳое, ки хуруҷи навбатии бемории сироятии «COVID-19» ба инсоният таҳдид менамояд, шаҳрвандонро зарур аст, ки тавсияҳои табибионро қатъиян риоя намоянд,дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ ба талаботи беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд, бетарафӣ зоҳир нанамоянд, эҳтиёткор бошанд, худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ эмин доранд.
Бо чунин орзуҳои нек ва изҳори боварӣ ба ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон бори дигар ҳар яки Шуморо бо Иди мубораки Қурбон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумоён бахту иқбол, хушҳоливу хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Возврат к списку новостей