Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1149360
Сегодня
73
На этой неделе
150
В этом месяце
150
Итого
1149360
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

12.07.2021

Маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом

Санаи 10 июли соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар он намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ "-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, Шарифӣ Зайнура, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои деҳот, сохторҳои воҳидӣ, мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
Ҷаласаи ҷамъбастиро раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ифтитоҳ намуда изҳор дошт, ки сокинони сарбаланди шаҳри Конибодом бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар аҳлона заҳмат кашида, нимсолаи аввали соли 2021-ро бо дастоварду нишондиҳандаҳои шоиста ҷамъбаст намуданд ва барои истиқболи сазовори ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саъю талош варзида истодаанд.
Сипас, муовини якуми раиси шаҳр Фирдавс Ёдгорӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2021 маърӯза намуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Сафарзода Бахтиёр ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ назди ҳозирин баромад намуда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар охир раиси шаҳр Абдусалом Тўхтасунзода натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар нимсолаи якуми соли 2021 таҳлил намуда барои ислоҳи камбудиҳо, масъалаҳои пардохти саривақтии андоз, рушди саноат, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии омории нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, бемориҳои сироятии дигар ва масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Возврат к списку новостей