Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615708
Сегодня
414
На этой неделе
4608
В этом месяце
10081
Итого
4615708
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

16.03.2016

Биёед, рӯзнома хонем!

Аҳли қалами «Садои Конибодом» дар муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот мулоқотҳо доир намуданд. Дар вохӯрие, ки дар коллеҷи тиббӣ баргузор гардид, сармуҳаррири рӯзнома С.Содиқов, муовини сармуҳаррир М.Ашӯрмуҳаммад, хабарнигорон Д.Қӯчқорова ва Б.Баҳодурзода ширкат намуданд. Донишҷӯён дар баробари намоиши ҳунари шеърдонию суханварӣ таклиф намуданд, ки иқдоме бо номи «Биёед, рӯзнома бихонем» роҳандозӣ шавад.

Дар мулоқоти дигар, ки дар коллеҷи технологӣ сурат гирифт, гуфтугӯи ошкорои ҳайати эҷодии рӯзнома бо донишҷӯён ба миён омад. Муовини сарвар З.Ирматова, омӯзгор Қ.Ғаниева ва дигар иштирокдорон аз таърихи матбуот ҳарф зада, ба суолҳои хеш ҷавоб гирифтанд.

Дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон раиси ҷамоат Н.Шербоев, раисони маҳаллаҳо Қ.Ғаниева, М.Ҳомидов ва хабарнигори собиқадор А.Аҳадов дар бораи мӯҳтавои рӯзнома сухан ронда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд. Хабарнигорони маҳаллӣ ҳафиза Абдуллоева ва Эҳсонбой Амонов бо Сипоснома идораи рӯзнома сарфароз гардиданд. 

Возврат к списку новостей