Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1144669
Сегодня
39
На этой неделе
115
В этом месяце
1363
Итого
1144669
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

31.05.2021

Паёми табрикии Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон

Ҳамасола санаи якуми июн дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашни бошукӯҳро ба ҳамаи Шумо, насли хушбахти замон самимона табрику муборакбод гуфта, баҳратон сиҳативу саломат, осмони софу беғубор ва дунёи рангини кӯдаконаро таманно дорам.
Ҳанӯз соли 1949 бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва муҳайё намудани шароити зисти муносиб ба онҳо «Рӯзи кӯдакон» эълон гардид ва он бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил карда шуд.
Таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон мо - насли калонсоли ҷомеаро водор мекунад, ки доимо солимию бардамӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, шароити мусоиди таълиму тарбия дар мактаб ва оила, рушду инкишофи эҷодӣ ва омода намудани онҳоро ба зиндагии оянда таъмин намоем, онҳоро дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҷомеаву давлат ва ҳар як хонавода ба ҳисоб рафта, бахту саодати рӯзгори падару модарон мебошанд.
Дар ин раванд Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакон, махсусан кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд аҳамияти хоса зоҳир намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меоваранд, ки барои бо ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани кӯдакон ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии онҳо таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Тавре Пешвои муаззами миллат дар баромадҳояшон изҳор доштанд: «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».
Дар пайравӣ ба чунин иқдомҳои неки Сарвари мамлакат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом низ барои бо ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакон, хусусан ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбу эҳтиёҷманд диққати махсус зоҳир намуда, баҳри кӯмаку дастгирии онҳо мунтазам корҳои судмандро ба анҷом мерасонад.
Бо ин мақсад таи солиёни охир, махсусан бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бунёд гардида, барои насли наврас шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда мешаванд.
Имрӯзҳо бо шарофати файзи истиқлол кӯдакону наврасон зери осмони софу беғубор зиндагии босаодат доранд. Ба ғамхориҳои доимӣ фарогир шудан, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯсти, ахлоқи ҳамида, ростиву росткорӣ, илмдӯстиву фарҳангпарварӣ ва бедор кардани ҳисси баланди миллӣ дар замири онҳо ҳамчун насли ояндасоз ва ворисони ҳақиқии давлату миллат дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Умеди онро дорем, ки кӯдакони мо ҳамчун насли содиқ ба арзишҳои олии ватани азизамон ба камол расида барои шукуфоии сарзамини аҷдодиамон шарафмандона хизмат менамоянд.
Дар ин рӯзҳои фараҳбахш бори дигар кулли кӯдакону наврасонро бо Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон самимона муборакбод намуда, барояшон хушбахтию саодатмандӣ ва ҳаёти ширини даврони кӯдакиро таманно дорам.
Ид муборак, дӯстрӯякони азиз!
Возврат к списку новостей