Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1144669
Сегодня
39
На этой неделе
115
В этом месяце
1363
Итого
1144669
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

16.05.2021

Кирмакпарварони шаҳри Конибодом дар вилоят аввалин шуда, ба пилласупорӣ шуруъ намуданд.

Аз санаи 14 май дар шаҳри Конибодом мавсими пилласупорӣ оғоз гардид. Кирмакпарварони шаҳри Конибодом дар вилоят аввалин шуда, ба пилласупорӣ шуруъ намуданд. Дар мавсими имсола кирмакпарварони шаҳр парвариши 1160 қуттӣ тухми кирмакро ба роҳ монданд.
Бояд тазаккур дод, ки парвариши кирмак дар ҳудуди ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот бо риоя ба қоидаҳои агротехникии парвариши кирмак ба роҳ монда шуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуд.
Дар ҷараёни қабули ҳосили аввали кишоварзон – пилла, раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода, намояндаи идораи пиллаи вилояти Суғд Муҳаббат Ғаниева, намояндаи сармоягузори ватанӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода аз сифати пиллаи имсола дидан намуда, бо кирмакпарварони пешқадам мулоқот ороста, аз заҳмати шабонарӯзии онҳо дар парвариши кирмак ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ёдовар шуда, ба аввалинҳо-кирмакпарварони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамин тавр, дар рӯзҳои аввали қабули пилла наздик 4 тонна пилла супорида шуда, кирмакпарварони шаҳр талош доранд, ки дар муҳлатҳои муайяншуда ҳосили парвариш намудаашонро бо сифати баланд ба нуқтаҳои қабул супоранд.
Возврат к списку новостей