Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1144669
Сегодня
39
На этой неделе
115
В этом месяце
1363
Итого
1144669
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

12.05.2021

Номаи табрикии Раиси шаҳр Абдусалом Тўхтасунзода ба муносибати Иди саиди Фитр

Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитрро ба Шумоён самимона муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори ободу осуда ва ба ҳар як хонадон файзу баракат таманно менамоям.
Иди мубораки Фитр аз зумраи гиромитарин оинҳои суннатии мо ба шумор рафта, дар Тоҷикистони азизамон мақому манзалати хосро доро мебошад ва аз ҷониби сокинон бо анҷом додани фаризаҳои динӣ ҷашн гирифта мешавад.
Мардуми мусалмони диёрамон бо мақсади шоиста ба ҷо овардани фарзу суннатҳои ин иди Саид шафоату саховат, озодагиву покизарўзгорӣ ва созандагиву бунёдкориро пеша намуда, дар фазои мусаффои дўстиву бародарӣ айёми неки моҳи шарифи Рамазонро сарбаландона паси сар намуданд.
Дўстони азиз!
Тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон тавассути сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти арзишҳои дини мубини ислом, пеш аз ҳама мазҳаби баргузидаи Имоми Аъзам (р), ки яке аз омилҳои асосии ваҳдату ягонагӣ, меҳру садоқат байни мардуми кишвар ва ғояҳои муқаддаси он сарчашмаи ҳама гуна корҳои хайру бунёдкорона ба ҳисоб рафта, ба канораҷўиҳо аз падидаҳои бегонапарастиву ифротгароӣ ва амалҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат менамояд, таваҷҷӯҳи хоса зозир мегардад.
Чуноне огаҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози моҳи шарифи Рамазон зимни ироаи паёми шодбошии хеш ба сокинони мамлакатамон дар баробари зикри хосиятҳои наҷиб ва фазилатҳои он даъват ба амал оварданд, ки ҳамагон дар ин айёми муборак бештар ба амалҳои хайру савоб рў оварда, ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд дасти кўмак дароз намоянд ва ба исрофкориву зоҳирпарастӣ роҳ надиҳанд.
Ҷавобан ба ҳидояти Пешвои муаззами миллат кулли сокинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону саховатмандон амалҳои хайру эҳсонро пеш гирифта, ба оилаҳои ниёзманд, муҳтоҷону маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон саховатмандӣ зоҳир намуда, бо кўмаку ғамхориҳо фаро гирифтанд.
Итминони комил дорам, ки кулли мардуми шарифи Канди бостон барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд, ба ҷо овардани амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободонии маҳалли зист иқдоми шоиста намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сарбаландона пешвоз мегиранд.
Бо чунин орзуҳои нек бори дигар Шумоёнро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонавода саломативу хушҳолӣ, бахту иқболи накў, ризқу рўзии фаровон ва зиндагии осудаву пурсаодатро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!
Возврат к списку новостей