Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1136213
Сегодня
26
На этой неделе
690
В этом месяце
803
Итого
1136213
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

26.04.2021

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Бо ҳузури масъулони ниҳодҳои марбута вазъи корҳои саҳроӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон дар вилоят дар 60 ҳазор гектар пахта кишт шуда, дар навоҳии пахтакор кишти пахта ҷараён дорад.
Ҳамзамон дар хоҷагиҳои деҳоти ноҳияҳо кишти картошка ҷараён дошта, тибқи нақша масоҳати майдони картошка 30 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Пас аз шунидани гузориши муовини Раиси вилоят Назирӣ Зариф Вализода Раиси вилоят барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти зироатҳо, истифодаи самараноки замин, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, гирифтани ду-се ҳосил, таъмини рушди кирмакпарварӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараровар ва дигар корҳои саҳроӣ супоришҳо дод.
Возврат к списку новостей