Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1136212
Сегодня
25
На этой неделе
689
В этом месяце
802
Итого
1136212
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

17.04.2021

Маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти фаолияти иқтисодию ичтимоии шаҳр дар семоҳаи якум

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, санаи 16 апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти раёсати Раиси шаҳр муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода ва иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Осим Каримзода маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.
Сараввал доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2021» муовини раиси шаҳр Ғафурзода Заррина бо маърӯза баромад намуд. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ин давра фаъолияти худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2021-2025» ва таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида равона намуда, дар рушди аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гардид.
Намояндаи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода дар назди иштирокдорони маҷлис баромад намуда, оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо, ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ибрози ақида намуд.
Дар фарҷоми маҷлис, фаъолияти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва воҳидҳои сохтории он, раисони Ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо, кумитаҳои маҳаллӣ, ва фаъолони шаҳр вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта корбариро пурзӯр намуда, дар оянда барои таъмини иҷроиши дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бурдани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,фаъолияти хешро вусъати тоза бахшанд.
Возврат к списку новостей