Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1161814
Сегодня
8
На этой неделе
114
В этом месяце
3543
Итого
1161814
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

12.02.2021

Пояи сарҷамъии мо Пешвои миллат аст

Таҳти ин шиор ҷаласаи шӯрои духтарони шаҳри Конибодом оид ба тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯдухтарони коллеҷу литсейҳои шаҳр баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки Пешвои миллат ба занону духтарон эҳтирому эътибори хоса доранд ва мо бонувон ҷавобан ба эътимоду боварии Сарвари сулҳофарамон баҳри пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷиноят дар байни ҷавонону бонувон, шомилшавӣ ба равияҳои тундраву ифротӣ бояд фаъолияти пурсамар бурда бошем. Дар такя ба Паёми Пешвои сулҳофару маҳбубамон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта, баҳри расидан ба дастовардҳои навин ва фатҳи қуллаҳои мурод ҳамқадаму ҳамсафу ҳамроҳи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззам миллат хоҳем буд.

Ҳамчунин, ба духтарон дастур дода шуд, ки баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва тарбияи дурусти фарзандон бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом корбарӣ намуда, барои ташкили оилаи солим ва муносибатҳои неки оилавӣ омода бошанд, зеро зан-модар тараннумгари зебоӣ ва давомдиҳандаи насли инсонӣ мебошанд.

Возврат к списку новостей