Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4595974
Сегодня
355
На этой неделе
1506
В этом месяце
8926
Итого
4595974
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

26.02.2016

Ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ

Роҳбарияти коллеҷи технологии шаҳр ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба андӯхтани илму ҳунар тадбирҳои пайваста меандешад. Дирӯз дар доираи идомаи рӯзи дарҳои кушод ва ҳафтаи ихтисос Рӯзи ихтисос баргузор гардид. Рӯзи ихтисос ба ихтисоси «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ» бахшида шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар муҳассилини мактабҳои шаҳру деҳот иштирок намуданд. Иштирокдорон бо баробари аз наздик шинос шудан бо ин ихтисос аз нозукиҳои он аз масъулин пурсон шуда, аз фаъолияти ин боргоҳи ҳунар таассуроти даркорӣ бардоштанд.  Дар радифи чорабинии Рӯзи ихтисос бо иқдоми роҳбарият ва масъулини китобхона Конфронси хонандагони рӯзномаи «Садои мардум» бо муштариён баргузор гардид. Кормандони рӯзнома Абдувосид Салимзода ва Ҳусейни Нарзулло дар назди иштирокдорони конфронс баромад намуда, оид ба мазмуну мундариҷа ва ҳадафҳои назарраси рӯзнома андешаронӣ намуданд. Хонандагони рӯзнома фаъолона ширкат варзида, бо навбат баромад намуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Баргузор гардидани чунин чорабиниҳо ба манфиати ҷавонон нигаронида шуда, барои интихоби дурусту самарабахши   касбу ҳунар шароити васеъ фароҳам меорад. 

Возврат к списку новостей