Посетители
24.02.2016
Фазои идона дар ҷамоати Пӯлодон
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола садҳо ҷавонписарони шуҷои Канди бостонӣ низ дар баробари тамоми ҷавонони кишвари азизамон барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ пайваста, қарзи муқаддаси фарзандии хешро сарбаландона адо менамоянд ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Бо мақсади омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ бо ташаббуси созмонҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи собиқадорон», «Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ» ва садорати ҷамоати Пӯлодон дар дабистонҳои №23 ва 24-и деҳа бо ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ гурӯҳи омодагии ҳарбӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин, дар арафаи иди Артиши миллӣ бахшида ба ин ҷашн дар маркази деҳа ҳамоиши идона баргузор гардид. Сокинони маҳаллаҳои Зарбед, Бӯстон, Саримазор, толибилмони дабистони рақамҳои 23 ва 24 бо ҳузури хеш чорабиниро рангин сохтанд. Дар баробари қироати порчаҳои шеърӣ ва сурудҳо, гузоштани саҳнаҳо аъзоёни гурӯҳи навтаъсиси омодагии ҳарбӣ машқҳои гуногуни низомӣ иҷро намуда, маҳорату малакаи худро нишон доданд. Дар анҷом ба хонандагони болаёқат ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?