Посетители
24.02.2016
Таҷлили иди Артиши миллӣ дар деҳот
Имрӯз дар ҳудуди шаҳрамон як қисми низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон (04080), cе дидбонгоҳи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ду мавзеи гузаргоҳи назоратӣ ҷойгиранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат дар ин қисмҳои низомӣ мунтазам аз ҳоли сарбозон хабар гирифта, пайваста онҳоро бо ғамхориҳо фаро мегирад. Аз ҷумла, роҳбарияти ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар арафаи иди Артиши миллӣ бо ҷалби фаъолону саховатмандон ба ду дидбонгоҳи наздисарҳадии деҳаи Санҷидзор ва Қарақчиқум ташриф оварда, сарбозону афсаронро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо идашон шодбош намуда, баҳрашон дастурхони идона оростанд. Ҳамчунин, дар ҳар ду дидбонгоҳ бо гузоштани деги суманак, ки аз оғози баҳор дарак дода, аз анъанаҳои неки наврӯзӣ ба шумор меравад, ин ҷашнро боз ҳам хотирмон гардониданд. Зимни чорабиниҳо аз вазъи хизмат ва шароити зисти сарбозон пурсон шуданд. Ҳамчунин, ба сарбозону афсарон маводи хӯрока ва зарфҳои хӯрокхӯрӣ низ дастрас карда шуд. Ҳамин тавр, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ низ бо шукӯҳу ҷилои хоса дар фазои сулҳу субот ва руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ таҷлил гардид.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?