Посетители
23.02.2016
Тантанаи муҳофизон
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон буда, ҳанӯз 23 сол муқаддам Тоҷикистони тозаистиқлол новобаста аз вазъи печидаи ҳарбию сиёсӣ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд, ки он самараи истиқлолияти давлатии кишварамон мебошад. Имрӯз 23-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби санъати ба номи Дилором Баҳромоваи шаҳр бо иштироки сарбозону афсарон, ҷанговарони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва собиқадорони артиш ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ комиссари ҳарбии шаҳр Д.Салихов ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати ҷашн шодбош намуд. ӯ дар табрикоти идонаи хеш инчунин аз шароитҳои қисмҳои низомии мамлакат, вазъи хизмати сарбозоне, ки дар шаҳри Конибодом адои хизмат менамоянд, ёдовар шуд. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ муҳофизони Ватанро бо идашон муборакбодӣ карда, зикр кард, ки имрӯз Артиши кишвар ҳамчун нерӯи устувор ва ҳимояи сулҳу осоиши халқу давлат эътироф гардида, ҳазорҳо ҷавонмардони шуҷоъ марзу буми кишварро сарбаландона ҳифз менамоянд. Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳр Раҷабов Равшан Муҳитдинович иштирок ва баромад намуда, муҳофизони Ватанро табрик кард ва дар иҷрои рисолати пурмасъул ва пурифтихорашон комёбиҳо таманно кард.
Сипас, ба кормандони соҳа, низомиён, афсарону сарбозони шуҷову фаъол диплому ифтихорномаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд.
Барномаи ҷолиби идонаи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, басо хотирмон намуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?