Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4595955
Сегодня
336
На этой неделе
1487
В этом месяце
8907
Итого
4595955
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

20.02.2016

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа

Дар шаҳр баргузории вохӯриҳо ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад. Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид. Дар он Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Равшан Муҳитдинович, ҳайати гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президент, фаъолон, роҳбарони сохторҳо, ташкилоту муассисаҳо, ходимони дин, сарварони муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҷавонон иштирок намуданд. Нахуст сардори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарин Раҳмон Ҷаҳонафрӯз оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузор ва дурнамои он барои солҳои минбаъда, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисод ва савдо ва роҳсозиву ободонӣ сухан ронд.

Мудири шӯъбаи фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Рустам оид ба дигар паҳлӯҳои Паём ба монанди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтани зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстремизму терроризм ва паёмадҳои онҳо баромад намуд.

Сипас, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Равшан Муҳитдинович оид ба фаъолияти худ дар давоми соли сипаригашта ҳисобот дод. Ҳамчунин, доир  ба қонуну қарорҳое, ки аз ҷониби мақоми қонунгузор дар давоми сол қабул ва тасдиқ гардиданд, тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд маълумот дод. Қайд намуд, ки кулли қонуну қарорҳои қабулшуда  ва созишномаҳои байналмилалӣ ба хотири манфиати халқ буда, ҳадафи онҳо некӯаҳволии сокинон мебошад. Вакили мардумӣ зимни баромади худ сокинонро ба муттаҳидию сарҷамъӣ, умеди нек доштан ба ояндаи дурахшон ва ободониву бунёдкориҳо даъват намуд.

Вохӯрӣ басо судманд сурат гирифта, ҷиҳати баррасии паҳлӯҳои гуногуни Паём саҳми муассир гузошт. Ҳамчунин, мушаххас шудани воридшавии  тағйиротҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии шаҳрвандонро ҳангоми раъйпурсӣ васеътар хоҳад сохт.

 

Возврат к списку новостей