Посетители
20.02.2016
Вохӯрӣ дар кумитаҳои маҳаллӣ
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар кумитахои маҳаллии худуди шаҳр маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин маҷлисҳо ҳисоботи раисони кумитаҳои маҳаллаҳо шунида шуда, нақшаи корӣ барои соли 2016 қабул карда гардида истодаанд. Дар баробари ин, аксари кумитаҳои маҳаллие, ки фаъолияташонро мувофиқи Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.01.2008с. «Дар бораи мақомоти худфаъолиятӣ» ба роҳ намонда буданд, Оинномаи мақомоти худфаъолиятӣ бо аъзоҳаққӣ барои рушди маҳал аз тарафи сокинони ин маҳалҳо қабул карда шуд. Ҳамчунин, зимни маҷлисҳо оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои ободониву кабудизоркунии гирду атрофи маҳал, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва амсоли ин сухан рафта, муаммоҳое, ки ҳалли онҳо бевосита аз масъулини кумитаҳои маҳаллӣ ва сокинон вобаста аст, матраҳ гардиданд.
Дар мулоқотҳо аҳолӣ доир ба масъалаҳои таъминот бо оби нӯшокӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳудуди маҳал, ободонӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ғайра муроҷиат намуда, андешаҳояшонро иброз доштанд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?