Посетители
20.02.2016
Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳр
Дар доираи 500 рӯзи ободонӣ ва бахшида ба соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод дар ҳудуди шаҳр корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бовусъат идома дорад. Кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза ҳар ҳафта шанбегӣ доир намуда, гирду атрофи коргоҳи худро тоза карда, бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ дар афзун намудани ҳусни шаҳр ҳисса гузошта истодаанд. Аз ҷумла, аҳли кормандони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгард шанбегӣ гузаронида, зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишии арча шинониданд. Аҳли устодону донишҷӯёни литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр низ тасмим гирифтаанд, ки ҷашнҳои дарпешистодаро сазовор истиқбол намуда, симои боргоҳи худ ва шаҳрро зеботар намоянд ва бо шинонидани ниҳолҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ҳамасола коллективи ин макони касбу ҳунар дар тозакориву ободонӣ саҳми муассир мегузоранд. Ҳоло дар ин ҷо зиёда аз 90 бех ниҳол шинонида шуд. Садорати литсей ният доранд, ки минбаъд низ чунин иқдомҳоро пайгирӣ намоянд. Ҳамчунин, бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ шанбегӣ баргузор гардида, дар саҳни ҳавлии мақомот ва гирду атрофи он 100 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд.
Бояд қайд кард, ки аз аввали сол то имрӯз дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 1,5 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд. Ниҳолшинонӣ ва ободониву бунёдкориҳо дар шаҳр идома дорад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?