Посетители
18.02.2016
Ҷиҳати баррасии Паёми Пешвои миллат
Бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмоммалӣ Раҳмон дар байни аҳолӣ ба шаҳр гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Вобаста ба ин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷадвали махсуси вохӯриҳо тартиб дода шуда, дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот силсилаи вохӯриву мулоқотҳо доир гардида истодааст. Дар ин вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи кории дастгоҳи Президенти кишвар иборат аз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз шаҳри Конибодом Раҷабов Равшан Муҳитдинович, сардори Раёсати маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарин Раҳмон Ҷаҳонафрӯз, мудири шӯъбаи фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Рустам, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Алишер Муҳитдинов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Акмал Неъматов ва дигарон иштирок ва баромад намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Зимни мулоқотҳо баромадкунандагон доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар, ки аз масъалаҳои меҳварии Паём қарор гирифтааст, сухан ронданд. Қайд шуд, ки аҳли ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созанд, ки бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгарона се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунанд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки аз 1-уми июли соли равон ҳаҷми маош ва нафақа баланд бардошта мешавад. Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамчунин, оид ба беҳтаргардонии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар сухан рафт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар таъмини некӯаҳволии мардум буда, соли ҷорӣ барои амалӣ гардидани ин ҳадаф талоши бештар ба назар хоҳад расид.
Дар баробари ин масъалаҳои марбут ба тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим арёбӣ гардид.
Дар мулоқотҳо сокинон бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, иброз доштанд, ки мардуми шаҳри Конибодом аз Паёми имсола барои худ як қутбнамоеро дар роҳи созандагӣ дарёфта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Тоҷикистон талош меварзанд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









