Посетители
15.02.2016
Ба муносибати Рӯзи ҷанговарони байналмилал
Бо мақсади гиромӣ доштани қаҳрамониҳои ҷанговарони интернатсионалист, бахшида ба 27-солагии баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ҳудуди шаҳр чорабиниҳои гуногун гузаронида шуданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаҳои 13-14 феврали соли ҷорӣ аёдати 15 нафар ҷанговарони интернатсионалист, ки дар муҳорибаҳои ҷангӣ маъюб гаштаанд, ташкил карда шуда, ба онҳо маводи хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, равғани растанӣ, маҳсулоти макаронӣ ва қаннодӣ дастрас карда шуд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр вохӯриҳо бо ҷанговарони интернатсионалист ташкил ва гузаронида шуда, дар онҳо бо ҷавонону наврасон сӯҳбатҳои ҷолиб оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба халқу ватан, пос доштани хотираи шаҳидони ҷанг ташкил карда шуданд. Санаи 13 феврал бо иштироки ҷанговарони интернатсионалист ва ҷавонони шаҳр дар ҳудуди Маҷмааи «Шаҳидони ҷанги Афғонистон» шанбегӣ гузаронида шуда, корҳои ободониву тозагӣ дар ин мавзеъ ба иҷро расонида шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ баҳри ҳимояи иҷтимоии ҷанговарони интернатсионалист чораҳои зарурӣ меандешад.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?