Посетители
16.02.2016
Баргузории ҷаласаи ҷавондухтарон
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаьри Конибодом дар асоси нақша– чорабиниҳои шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Шӯрои духтарони назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони раёсати маорифи шаҳр, омӯзгорон ва раисони шӯроҳои духтарони коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва технологӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр иштирок намуданд.
Дар ҷаласа раиси нави Шӯрои духтарони шаҳр ва муовину аъзоён интихоб гардида, вазифадор карда шуданд, ки дар таҷлили чорабиниҳои дарпешистода ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо фаъол бошанд. Инчунин зимни ҷаласа оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар байни духтарон, одобу ахлоқ ва тарзи сухангӯиву либоспӯшии духтарон, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо, одоби муошират ва эҳтиром дар оила омӯзгорон сухан рафт.
Дар ҷаласа ҳамчунин, мазмуну мӯҳтаво ва сатҳи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» матраҳ гардида, пешниҳод гардид, ки баҳри пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва даст ба худкушӣ задани ноболиғдухтарони зери хушунати оилавӣ буда, аъзоёни Шӯро бо духтарони бадахлоқ сӯҳбатҳои инфиродӣ-тарбиявӣ гузаронанд. Зикр гардид, ки наврасон ва ҷавондухтарон дар таълим ва забономӯзӣ фаъол бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи – чорабиниҳои Шӯрои духтарони шаҳр ҳар моҳ дар коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо мизҳои мудаввар, конфронс ва вохӯриҳо бо иштироки фаъолзанҳо ва собиқадорони соҳаи маориф баргузор гардида, бо духтарон сӯҳбатҳои ошкоро ва муфид гузаронида мешаванд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?