Посетители
14.02.2016
Гиромидошти ҷанговарони байналмилал
Санаи 14 феврал ба рӯйдоди муҳими таърихӣ- Рӯзи хурӯҷи қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон 27 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар назди Ёдгории ҷанговарони байналмилал ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабинӣ бо маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи ин ёдгорӣ оғоз ёфт. Дар он Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳхорҷон Ҳасанов, ҷанговарони байналмилал, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сокинони шаҳр иштирок намуданд. Нахуст шаҳрдор фарзандони шуҷои диёрро, ки дар солҳои ҷанг мардонавор дар майдони набарди Афғонистон қаҳрамониҳо нишон додаанд, бо идашон табрик намуд ва ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ таманно намуд. Баъдан Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаҳхорҷон Ҳасанов ба сухан баромада, аз садоқату мардонагии ҷавонмардони далери шаҳр-ҷанговарони интернатсионалист ҳарф зад. Ҷанговарони ҳамяроқ ҳамдигарро шодбош намуда, аз лаҳзаҳои муборизаҳои ҷангӣ ёдовар шуданд ва баҳри таъмини саодату оромии диёр ҳамеша омода будани хешро иброз доштанд.
Бояд зикр кард, ки пас аз баргаштан ба зиндагии осоишта низ ин фарзандони асили Ватан дар радифи пешоҳангони ҷомеа баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар самти корҳои созандагиву бунёдкорона ҳиссаи босазо гузошта истодаанд.
Тантанаи ҷанговарони байналмилал бо навои судуду мусиқӣ анчом пазируфт.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?