Посетители
13.02.2016
Оғози сохтмони маҷмааи нави варзишӣ
Имрӯзҳо ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила сохтмону бунёд ва таҷдиду навсозии варзишгоҳҳо ва толору майдончаҳои варзишӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ дар варзишгоҳи дохили боғи истироҳатӣ ва фарҳангии шаҳр ба бунёди майдончаи нави варзишӣ асос гузошта шуд. Дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони ин маҷмааи варзишӣ Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва дигар масъулини федератсия иштирок намуданд. Маҷмааи мазкур ду майдончаи футболбозии сабзааш маснӯии замонавиро дарбар мегирад.
Бояд зикр кард, ки айни ҳол дар Мактаби варзишии шаҳр ба таври умумӣ 450 нафар дар 44 гурӯҳҳои (сексияҳо) машқӣ бо машғулиятҳо фаро гирифта шуда, минбаъд барои онҳо шароитҳои боз ҳам мусоидтар барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад, зеро варзиш гарави солимиву бардамии ҳар фард аст. Бунёди ин маҷмааи варзишӣ таконбахше хоҳад буд баҳри рушди футбол дар миқёси шаҳр.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?