Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4595956
Сегодня
337
На этой неделе
1488
В этом месяце
8908
Итого
4595956
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

12.02.2016

Қабул тибқи квотаи Президентӣ шаффофтар хоҳад гузашт

Давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамасола тибқи квотаи президентӣ бо таҳсил фаро гирифта шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар яке аз ғамхориҳоест, ки нисбати ҷавонон амалӣ мегардад.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади фаҳмонидани мӯҳтавои қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он корманди масъули Раёсати маорифи вилоят Аҳмадҷон Солиҷонов иштирок намуда, оид ба қоидаҳои қабули донишҷӯён тариқи квотаи Президентӣ маълумоти муфассал дод. Гуфта шуд, ки ҳоло аз 170 ҳазор нафар донишҷӯёни кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ таҳсил доранд. вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ нарасидани мутахассисон ба назар мерасад.

Аз 109 нафари хатмкардагони донишгоҳхои олии мамлакат танҳо 79 нафарашон ба ҷои корӣ ҳозир шуданд, ки ин нишондиҳанда нигаронкунанда аст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.06.2015, таҳти №428 ба қоидаҳои қабули донишҷуён тариқи квотаи Презедентӣ тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он минбаъд қабули довталабон ба донишгоҳҳои олии мамлакат шаффофтар бароҳ монда хоҳад шуд.  Хатмкунандагон аз рӯи донишу маҳорат метавонанд ихтисосҳои заруриро интихоб намуда, тариқи сӯҳбат ба гирифтани номи донишҷӯ соҳибгарданд.

Омӯзгорону хатмкунандагон бо саволҳои худ оид ба баъзе масъалаҳои вобаста ба квотаи Президентӣ муроҷиат намуда, посух гирифтанд.

Ҷавонони сарбаланди шаҳр аз ин сӯҳбат хулосаҳои лозимӣ бароварда, минбаъд таҳсили худро дар мактабҳои олии кишвар давом дода, чун қишри фаъол ва нерӯи эътимодбахшиҷомеа дар равандҳои созандагиву бунёдкорона дар кишвар фаъолона ширкат варзида, баҳри ободии Тоҷикистон тамоми ғайрати худро равона хоҳанд сохт.

Возврат к списку новостей