Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4595982
Сегодня
363
На этой неделе
1514
В этом месяце
8934
Итого
4595982
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

10.02.2016

Ба хотири беҳбудӣ ва солимии ҷомеа

Имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони шаҳр баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ идома дорад. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Пӯлодон маҷлиси ҳисоботии Шӯрои собиқадорони ҷамоат баргузор карда шуд. Дар ҷаласа Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва баромад намуда, дар маҷмӯъ аз кору фаъолияти сокинон, аз ҷумла собиқадорони деҳа изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфта шуд, ки саҳми сокинони деҳа дар тарбия ва бакамолрасонии фарзандони барӯманди  диёр, ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ басо назаррас аст ва минбаъд низ бояд идома ёбад.

 Ҳамзамон, Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷамоат Бахтиёр Шарипов ва дигарон баромад намуда, оид ба фаъолияти Шӯро дар соли сипаригашта сухан ронданд.

Дар музокира фаъолон, ҷавонон ва собиқадорони ҷамоат ба сухан  баромада,  фикру мулоҳизаҳояшонро  оид ба пешрафти кор, ободониву  созандагӣ, ҷалб намудани  собиқадорон ба корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои судманди ҷамъиятӣ  ва пешгирии шомилшавии онон ба гурӯҳҳои ифротӣ, бунёди варзишгоҳҳо  таклифҳо пешниҳод намуданд. 

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа аъзоёни нави Шӯро ва вакилон ба Конференсияи шаҳрӣ интихоб карда шуданд. 

Ҳамин тавр, маҷлиси Шӯрои собиқадорони ҷамоати деҳоти Пӯлодон судманд анчом пазируфт.

 

Возврат к списку новостей