Посетители
06.02.2016
Дар партави Паёми Пешвои миллат
«Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Ин ва дигар нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки вобаста ба ҷавонон зикр гардидааст, дар коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода зимни мулоқоти самимиву ошкоро ҳаматарафа баррасӣ гардид. Мулоқоти мазкур тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардида, дар он Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд Насиб Набиев, донишҷӯи ДДХ Мирзохӯҷа Сангинов, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр ва ҷавонон иштирок ва суханронӣ карда, дар атрофи мавзӯъ мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот аз ҷумла, қайд шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат нисбати ҷавонон ғамхориҳои зиёд зоҳир мегардад ва ҷавонон дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд барои ҳамаҷониба сазовор будан кӯшиш намоянд. Вале мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо имрӯз гумроҳона ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил гардида, даст ба амалҳои номатлуб мезананд. Воқеан, масъалаи гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ муҳим арзёбӣ гардидааст ва бояд ҳатман пешгирӣ гардад. Алҳол аксари онҳое, ки бо дин сарукор доранд, аз он сӯиистифода мекунанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки алҳол гурӯҳҳои ифротгаро дар ниқоби ислом ҷаҳонро ба ташвиш оварда, мардуми зиёдро фаро гирифта, арзишҳои миллии аксари халқҳоро аз байн бурда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тундгароён барои ба мақсадҳои худ расидан, барои таблиғи ақидаҳои худ барои инкори арзишҳои динӣ аз ҳама гуна воситаҳо истифода мебаранд. Дар шароити имрӯза, ки гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ меафзояд, нафаре набояд бемасъулиятӣ зоҳир намояд. Моро зарур аст, ки дар чунин вазъият зери таъсири гурӯҳҳои ифротгаро намонда, пеши роҳи ин гуна амалҳои номатлубро гирем. Волидон ба тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон ҷиддӣ машғул шуда, аҳли ҷомеа дастаҷамъона бар зидди чунин зуҳурот мубориза баранд.
Баъди музокираҳо байни иштирокдорон ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ҳамин тавр, мулоқот судманд анҷом пазируфт.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









