Посетители
05.02.2016
Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳри Конибодом
Дар асоси нақша-чорабиниҳои махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва бахшида ба соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод ва соли фарди солим эълон гардидани соли 2016 дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва сохтмони иншоотҳои маишиву коммуналӣ бовусъат идома доранд. Чун фарди солим дар муҳити солим ва ҷомеаи ободу осуда ташаккул меёбад, сокинони шаҳр пеш аз ҳама ба ободкориву тозакориҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Аз ҷумла, имрӯзҳо дар назди Беморхонаи марказии шаҳр бо супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сохтмони бинои маркази саломатии №1 оғоз ёфта, бомаром давом дорад. Алҳол дар инҷо чидани тахтасангҳо идома дорад. Дар назди гимназияи №1 якчанд мағозаҳо аз нав барқарор карда шуда истодааст.
Дар назди Майдони қаҳрамонон 300 бех дарахти сасна ва 60 бех дарахти кипарис шинонида шуд, ки ҳусни ин мавзеъро боз ҳам зебову дилрабо намуд.
Ҳамчунин, дар кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 2 км роҳ бо газон рӯйпӯш карда шуд. Аҳолӣ ба ҳашари умумӣ баромада, гирду атрофи маҳалли худро тоза намуда, бо шинонидани ниҳолу дарахтони гуногун дар ободии диёр саҳм гузошта истодаанд.
Дар дигар мавзеву кӯчаҳои шаҳр низ корҳои ободониву созандагӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, идома доранд.
Ҳамин тавр, сокинони шаҳр бо ғайрати қавӣ камари ҳиммат баста, азм намудаанд, ки то ҷашни Наврӯз аксари корҳои сохтмониву ободониро ба анҷом расонанд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?