Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615710
Сегодня
416
На этой неделе
4610
В этом месяце
10083
Итого
4615710
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

02.02.2016

Вохӯрии хамткунандагон бо роҳбарони донишгоҳҳо

Санаи 02.02.2016 дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар  толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ректорони донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Набиев Мирзотоҳир, ректори Донишгоҳи давлатии Хучанд  ба  номи  академик  Бобоҷон Ғафуров  Мақсудов А., ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷӯрабоев Ҷ.,  директори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Фозилов М., директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Аминов И., директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Сангинова Д. ва сарварон, омӯзгорон ва хатмкунандагони макотиби шаҳр иштирок намуданд. Вохӯрии мазкур бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳр ба муассисаҳои олии вилоят баргузор гардида, ректорони донишгоҳҳо донишгоҳи худро тавассути филмҳои пешакӣ омодагардида муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  имрӯз вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи ҷавонон илму дониш омӯхтан, соҳиби касбу ихтисоси зарурӣ гашта, Тоҷикистонро  обод намудан ва онро аз ҷиҳати иқтисодиёт, саноат ва техникаву технология ба қатори давлатҳои пешрафта ворид намудан мебошад.  Ин мулоқот пеш аз ҳама имкон фароҳам овард, ки арзишҳои илму ҳунар боз ҳам боло гузошта шавад ва шавқи хонандагон ба донишомӯзӣ, идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ боз ҳам афзун гардад.  

Хатмкунандагон дар рафти мулоқот тариқи тамошои наворҳо ва баромади роҳбарони донишгоҳҳо аз хусуси донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд маълумоти бештар пайдо намуданд ва ба масъалаҳои марбут ба дохилшавӣ ба донишгоҳ, имтиёзҳо барои донишҷӯён, раванди таҳсил,  шароити хобгоҳҳо  ва монанди инҳо равшанӣ андохта шуд.

Ҳамин тавр, мулоқоти мазкур хеле самимиву судманд анҷом пазируфт.

Возврат к списку новостей