Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615713
Сегодня
419
На этой неделе
4613
В этом месяце
10086
Итого
4615713
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

01.02.2016

Рӯзи дарҳои кушод

Бо иқдоми роҳбарияти коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров  ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр  ва ҷавонони бекор ба илму дониш ва касбомӯзӣ Рӯзи дарҳои кушод доир карда шуд.

Чорабинӣ бо намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён оғоз ёфта, меҳмонон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, бо роҳбарии омӯзгорон аз  утоқҳои таълимию таҷрибавӣ, сехҳои тарроҳиву дӯзандагӣ, устохонаҳои таълимӣ ва утоқҳои барномасозӣ, осорхонаи таълимгоҳ, китобхона, нуқтаи тиббӣ  ва толорҳои варзишӣ дидан намуданд.

Дар доираи Рӯзи дарҳои  кушод ҳамчунин, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шоҳмот, волейбол, тенниси рӯимизӣ гузаронида шуд.  Аён гардид, ки дар таълимгоҳи мазкур барои донишҷӯёни коллеҷ тамоми имкониятҳо барои таҳсили илм ва касбомӯзӣ  фароҳам оварда шудааст.

Беш аз 1000 нафар ҳунарҷӯён – меҳмонон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷавонон дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд.

Ҳамчунин, дар доираи «Дарҳои кушод» дар таълимгоҳ бо муштариёни рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати  Суғд» конфронс доир гардид. Дар конфронс корманди рӯзнома  Шоира Салимова  иштирок намуда, ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб гуфт. Иштирокдорон баҳри густариши ҳамкорӣ, таҳияи маводҳои ҷолиб ва ғайраҳо фикру андешаҳои худро иброз доштанд. 

Ҳамин тавр, иштирокдорон аз  чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» таассуроти нек бардоштанд.

Баргузории чунин чорабиниҳо бешак, баҳри баланд бардоштани шавқи илму касбомӯзӣ ва интихоби дурусти касб барои ҷавонон мусоидат менамоянд.

Возврат к списку новостей