Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615711
Сегодня
417
На этой неделе
4611
В этом месяце
10084
Итого
4615711
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.02.2016

Саҳми ҷанговарони байналмилал дар ободонӣ

Ҳар сол 15-уми феврал ҳамчун Рӯзи баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон қайд карда мешавад. Ба ин муносибат ва ба пешвози ҷашнҳои бузурги дарпешистода ҷанговарони байналмилали шаҳрамон  субҳи 06 феврал ба шанбегӣ баромада, баҳри ободониву сарсабзгардонии ҳудуди Майдони Қаҳрамонон ва  муҷассамаи ҷанговарони байналмилал саҳм гузоштанд. Шанбегӣ ва ободонӣ дар якҷоягӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 сурат гирифта, толибилмон дар рӯбучин ва тоза кардани гирду атрофи майдон кӯмак намуданд.

Дар соли таърихии 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки имсол таҷлил мегардад, дар шаҳрамон ҳар ҳафта рӯзи шанбе шанбегиву ободонӣ, ниҳолшинониву сарсабзгардонӣ сурат гирифта, кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллу деҳот ободу зебо мегардад. 

Возврат к списку новостей