Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615695
Сегодня
401
На этой неделе
4595
В этом месяце
10068
Итого
4615695
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

13.01.2016

Хизмати давлатй

Дар макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр З.Ашурматова хониши идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони макомоти давлатӣ баргузор гардид. Дар хониши идоравӣ перомуни низоми кору фаъолият дар корхонаҳои давлатӣ маълумотҳо дода шуда, асосан оид ба вазифаю ӯҳдадориҳои хизматчиёни давлатӣ, ҳуқуқи хизматчии давлатӣ, котегория ва одоби хизматчиёни давлатӣ дастуру тавсияҳо ба кормандон расонида шуд.

Хизматчии давлатӣ шахси масъулест, ки тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, роҳандозӣ намудани тадбирҳои ба манфиати давлату миллат судмандро бар дӯш дорад ва бешак бояд дорои таҷрибаи фаровон, дониши мукаммал ва ҷаҳонбинии сиёсӣ бошад. Хушбахтона имрӯзҳо ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, аз шаҳри мо низ гурӯҳи ҷавонони лаёқатманд дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, дар соҳаҳои гуногуни пурмасъул кор карда истодаанд.  Дар ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон саволҳо оид ба паҳлӯҳои хизмати давлатӣ пешниҳод ва посухҳо дода шуд.

Дар анҷом 2 нафар кормандони ҷавони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассисони пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Икромҷон Алиев ва Зарофат Абдуллоева, ки нав ба фаъолияти хизмати давлатӣ пазируфта шуданд, савганди хизмати давлатӣ ёд намуданд.

Возврат к списку новостей