Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615717
Сегодня
423
На этой неделе
4617
В этом месяце
10090
Итого
4615717
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

12.01.2016

Аз нишасти матбуотӣ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ва аҳли қалам аз телевизионҳои маҳаллии «Анис» ва «ТВ-5», рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» иштирок доштанд.

Дар оғоз Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ дар бораи бурду бохти шаҳр дар соли 2015 маълумоти мухтасар дода, дар ин бора ҳамчунин маълумотҳои муфассал ба таври хаттӣ қаблан ба рӯзноманигорон дастрас карда шуд. Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бо саволу дархостҳо муроҷиат намуда, аз Раиси шаҳр ва масъулини соҳаҳо посухҳо гирифтанд. Асосан оид ба зарурату аҳамияти ташкили шаҳраки нави истиқоматӣ дар мавзеи дурдасти Пойменная, таъсис додани кӯдакистонҳо дар деҳотҷойҳо, ниқшаҳо дар доираи соли фарди солим, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни зиёда аз 2500-солагии таърихи шаҳри бостонии Конибодом ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа саволҳо пешниҳод гардид.

Дар нишасти матбуотии шаҳри Конибодом намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини сардори Сарраёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов, рӯзноманигорон аз рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва «Согдийская правда», инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои гуногуни шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулин иштирок намуда, ба дархосту пурсишҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Дар анҷом Раиси шаҳр нишасти матбуотиро ҷамъбаст намуда, аз иқдомҳои бунёдкоронаи шаҳр дар соли 2016 ёдовар гардида, дар тарғибу ташвиқи иқдомҳои созандаи шаҳр нақши рӯзноманигор ва воситаҳои ахбори оммаро муҳим арзёбӣ намуд.

Возврат к списку новостей