Посетители
08.01.2016
Иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба таъсиси марказҳои адрасбофию атласбофӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувони хонашин дар шаҳрамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шӯъбаи Агентии шуғли аҳолии шаҳр корҳои назаррас ба субут расида, бонувони бекор бо касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Бо ин ҳадаф ҳоло дар ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳоти шаҳрамон марказҳои касбомӯзӣ барои бонувону духтарони хонашин таъсис дода шуда, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ба ҳар як ҷамоат 4-ададӣ дастгоҳҳои адрасбофӣ дастрас карда шудааст.
Бо таъсиси чунин марказҳои касбомӯзӣ наздик 300 нафар занону духтарон соҳиби шуғл ва касби писандида гардиданд. Адрасҳои бофтаи занони соҳибҳунари ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар миқёси вилоят аз рӯйи сифати матоъ ҷойи 2-юмро сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ аз тарафи марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофӣ зиёда аз 500 метр адрасҳои хушсифат истеҳсол шуда, аксарияти марказҳои касбомӯзӣ аллакай тибқи фармоишот матоъ истеҳсол ва ба харидорон пешниҳод карда истодаанд.
Таъсис ёфтани марказҳои таълимию истеҳсолии атласбофӣ ва адрасбофӣ мувофиқи мақсад буда, имрӯзҳо занону бонувони хонашин бо қаноатмандӣ ба омӯхтани ин ҳунар ҷалб гардидаанд. Аз шаҳрамон 9-нафар бонувон дар маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо» - и шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, ҳоло шогирдони онҳо худ мустақилона кор карда метавонанд. Бо иқдоми ҷамоатҳои деҳот ва бо назардошти дархости бонувон теъдоди марказҳои адрасбофӣ дар ҳудуди ҷамоатҳо зиёд карда мешаванд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?