Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615708
Сегодня
414
На этой неделе
4608
В этом месяце
10081
Итого
4615708
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

02.01.2016

Аз чорабиниҳои солинавӣ

Санаи 31-декабр дар шаҳрамон Соли нави милодӣ бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва гузаронидани амалҳои неку хайрхоҳона истиқбол карда шуд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ аз хонадони оилаҳои пирони барҷомонда, ниёзмандону маъюбони бистарӣ дидан намуда, онҳоро бо фарорасии соли нав табрик гуфт. Зимни ин аёдату дидорбиниҳо ба ҳар яки онҳо якчанд маводҳои хӯрокворӣ супорида шуд.

Чунин амалҳои хайру саховатмандона дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо гузаронида шуда, ба оилаҳои бесаробон, ниёзмандону маъюбон ҳадяҳои идона расонида шуд.

Пирони рӯзгордида ва кулли аёдатшудагон аз ин ғамхориҳо арзи сипос намуда, баҳри ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дасти дуо кушоданд.

Ҳамчунин барои сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳр низ чорабиниҳои солинавӣ доир карда шуда, муовини аввали Раиси шаҳр Б.Ахмедов табрикоти самимонаи Раиси шаҳрро ба сарбозону афсарон расонид ва барояшон орзуҳои нек таманно намуд.

Дар ин рӯз дар маркази шаҳр чорабинии солинавӣ доир гардида, Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ зимни суханронии хеш дар бораи дастовардҳои соли сипарӣ, корҳои ободониву бунёдкориҳои минбаъда ва иқдомҳои созанда ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад.

Дар рӯзи солинавӣ пирони яккаву танҳо ва маъюбони маркази хизматрасонӣ дар хона низ аёдат карда шуда, ба марказ маводҳои хӯрокворӣ супорида шуд.

Ҳамин тавр Соли нави 2016 дар шаҳрамон на фақат ҳамчун як соли навин, балки чун як рӯзи хайру саховатмандона, ҳидояткунанда ба кору иқдомҳои бунёдкорона истиқбол карда шуд.

Возврат к списку новостей