Посетители
01.01.2016
Тӯҳфаҳо ба бачаҳо
Рӯзи 30-декабр дар арафаи Соли нав дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр барои 110 нафар фарзандони оилаҳои бесаробон, ятиму нимятим ва ниёзманд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуда, кӯдаконро бо фарорасии Соли нав шодбош гуфт ва барояшон хониши хубу аъло, соли нави хушбахтона таманно кард. Бо тифлакон тӯҳфаҳои солинавии Раиси шаҳр супорида шуда, аз ҷониби хонандагони мактаби санъати бачагонаи шаҳр барномаи рангини консертӣ пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин дар мактаб-парастишгоҳи шифоии №40-и деҳаи Санҷидзор барои 100 нафар тарбиятгирандагони ин муассиса маҳфили солинавӣ гузаронида шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сарпарасти мактаб – Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳои хотирмони солинавӣ ва дастурхони идона пешкаш карда шуд. Дар ин рӯз инчунин тӯҳфаҳои солинавии Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов ба хонандагони мактаб тақдим гардид. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр А.Ҷалилов табрикоти солинавии Раиси шаҳр Ғ.Боҳириро ба кӯдакон расонида, барояшон соли нави хушбахтона орзу кард.
Хонандагон бо баромадҳои идонаи солинавӣ табъи ҳозиринро болида дошта, онҳо ба мақомоти маҳаллӣ ва сарпарастон барои чунин ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ арзи сипос намуданд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?