Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615719
Сегодня
425
На этой неделе
4619
В этом месяце
10092
Итого
4615719
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.12.2015

Аз иҷлосияи вакилон

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи 4-ум, даъвати 5-уми маҷлиси вакилони халқи шаҳр таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баргузор гардид. Ба муҳокимаи рӯзнома 11 масъалаҳо гузошта шуда, аз рӯйи масъалаи аввал, яъне «Ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба натиҷаҳои фаъолияти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давраи аз моҳи декабри соли 2014 то декабри соли 2015   ба таври васеъ дар рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» дарҷ гардида, он қаблан ба вакилон дастрас карда шуд.

Оид ба масъалаи аввали рӯзнома вакилон Шавкат Ёқубов аз ҳавзаи интихоботии № 11, Орифҷон Қосимов аз Ҳавзаи интихоботи №9, Баҳром Мухторов аз ҳавзаи интихоботии №20 ба музокира баромада, оид ба нишондиҳандапҳои сол дар фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр маърӯза намуданд.  

Дар музокираҳо ба қайд гирифта шудани баъзе бемориҳои сироятӣ, бунёди корҳои сохтмонӣ дар шаҳр ва ба ин васила бо ҷойи корӣ таъмин гардидани бекорон, аз ҷумла 420 нафар занону духтарони хонашиенн, сохта ба истифода дода шудани 22 корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар шаҳр, таъмири роҳу кӯчаҳо дар идомаи соли роҳҳои обод, зиёд кишт шудани аксарияти зироатҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайраҳо таъкид гардиданд.

Аз рӯйи масъалаҳои дигар сардори нозироти андози шаҳр Абдурашид Ҳотамов, Сардори Раёсати молия Ҷӯрабой Орифҷонов, муовини Раиси шаҳр Илҳомҷон ҳомидов, вобаста ба масъалаи номгузорӣ муовини Раиси шаҳр Замирахон Ашӯрматова,  оид ба ваколати вакилӣ Бурҳониддин Ҷабборӣ аз ҳавзаи интихоботии № 5ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр сурат гирифт.

Дар кори иҷлосия мудири Раёсати САҲШ-и вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддам Бобоҷонӣ иштирок ва суханронӣ намуда, барои ислоҳи баъзе камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳо дод ва баҳри истиқболи сазовори соли ҷашнии 2016 – Соли 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони шаҳр барор хост.

Кори иҷлосияро Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҷамъбаст намуда, дар назди масъулин вазифаҳо гузошт ва дар фарҷоми ҷаласа ба муносибати Иди кисбии кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба сардори шӯъбаи шаҳрии кумитаи амнияти миллӣ ва кормандони фаъоли он, инчунин ба намояндагони касбу кори гуногун, ки давоми сол фаъолияти самарабахш дошта, бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкории пайваста доштанд, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Раиси шаҳр тақдим гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей