Посетители
25.12.2015
Нақшаҳои рушди иқтисодии шаҳр муайян шуданд
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр И.Ҳомидов ҷаласа бо иштироки масъулини соҳаи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр оид ба «Ҷамъбасти натиҷаҳои барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодом дар солҳои 2011-2015 ва муҳокимаи барномаи рушд барои солҳои 2016-2020» баргузор гардид. Дар ҷаласа перомуни лоиҳаҳои Барнома, ки дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардиданд, сухан рафта, зикр гардид, ки дар ин муддат аз 240 лоиҳа 107 ададаш бо маблағи 32 млн. 195 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шуд. 62 лоиҳаи дигар ба маблағи 11 млн.100 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор дорад.
Дар натиҷаи татбиқи Барнома зиёда аз 61 км заҳбӯрҳо, 11 км каналу ҷӯйбор, 116 адад нуқтаҳои обтаъминкунӣ таъмир гардида, ҳолати милеоративии 370 га заминҳо беҳтар карда шуд. Ҳамчунин кӯдакистони №10 дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, 23 корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, 3 адад мактабҳои нав бо 1460 ҷойҳои нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Дар бахшҳои инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сатҳи зиндагии зиёда аз 26 ҳазору 420 нафар занону бонувон беҳтар карда шуд.
Зимни ҷаласа пас аз натиҷагирии Барномаи рушди солҳои 2011-2015 лоиҳаи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2016-2020 ба маблағи 759 млн. 281 ҳазор сомонӣ пешбинӣ ва муҳокима карда шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?