Посетители
23.12.2015
Ҷаласаи ҳисоботии ҲХДТ
Имрӯз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти солонаи комиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ баргузор гардид. Дар оғоз Раиси комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонов дар бораи фаъолияти яксолаи ҳизб дар шаҳр ҳисобот дода, қайд кард, ки ҳоло дар шаҳрамон 5891-нафар аъзоёни ҲХДТ ҳастанд. Фаъолияти тӯли як сол анҷомдодаи ҳизб дар пайравӣ ба иқдомҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари ҲХДТ, Пешвои миллат Э.Раҳмон ҳамагӣ ба некӯаҳволии сокинон, саҳмгузорӣ дар ободониву пешрафти ҷомеа, пиёда сохтани иқдому ташаббусҳои бунёдкорона нигаронида шудааст.
Аз ҷониби комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳрамон якчанд чорабиниҳои варзишию тарбиявӣ, иқдомҳои хайрхоҳона ва дастгирии ниёзмандон гузаронида шуда, ин ҳизби созанда дар амалӣ намудани нақшаҳои ободонии шаҳр низ ҳиссаи созгор дорад.
Дар ҷаласа якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии соҳаи маориф, кумитаи маҳаллаи Бобокалонов, тандурустиву кишоварзӣ ба сухан баромада, перомуни ҳадафҳои амалигардонидаи ҳизб дар маҳалҳо маълумот доданд. Раиси шӯрои занони комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муаззама Тӯраева зимни суханронии худ аз саҳми фаъолзанони ҳизб дар пешбурди фаъолияти ҲХДТ ёдовар гардида, зикр дошт, ки алҳол 3485-нафар бонувон ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шуда, ҳар яки онҳо дар ҷойҳо баҳри тарғиби сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат, талошу кӯшишҳои сарвари давлат дар таҳкими ваҳдату ободӣ кор мебаранд. Соли 2015 боз 585-нафар занону духтарон ба аъзогии ҲХДТ қабул гардида, дар амалӣ шудани ҳадафҳои ҳизб саҳм мегузоранд.
Муовини Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷалилов А.Р. зимни баромади хеш фаъолияти солонаи комиҷроияи шаҳрии ҳизбро қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар баробари ин баҳри пешбурди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб маслиҳатҳо дод.
Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ дар суханронии худ таъкид дошт, ки комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ҳама иқдому ташаббусҳои шаҳр ҳамеша дар паҳлӯи мақомоти маҳаллӣ қарор гирифта, баҳри пешбурди корҳои ободониву созандагиҳои шаҳр нақши арзанда дорад. Маҳз бо ташаббуси ҳизбиён ва роҳбари он 43-нафар ҷанговарони байналмилали шаҳр, ки бо сабабҳои мухталиф таи чандин солҳо навбаташон ба таъхир гузошта мешуд, соҳиби участкаҳои наздиҳавлигӣ гардиданд. Ҳамчунин дар шаҳрамон оғози бунёди Қасри ҷавонон дар назар аст, ки дар пиёда сохтани ин нақшаҳо низ ташаббус ва ҳиссаи комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ назаррас аст.
Ҳамин тавр баромадкунандагон зимни андешаҳои худ роҷеъ ба фаъолияти созандаи ҲХДТ дар кишвар, саҳми сарвари давлат, Президенти мамлакат Э.Раҳмон дар рушду пешрафти ватан ибрози назар намуда, ҳамзамон аз пазируфта шудани роҳбари давлат ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат ҷонибдоиву фараҳмандии хешро баён доштанд.
Дар анҷом ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









