Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4615707
Сегодня
412
На этой неделе
4606
В этом месяце
10080
Итого
4615707
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

21.12.2015

Семинари боғпарварон идома дорад

Семинар-машварати соҳаи кишоварзӣ оид ба рушд додани соҳаи боғпарварӣ ин навбат дар ҷамоати деҳоти Патар баргузор гардид. Мавзӯи семинар ба масъалаи «Зарурият, моҳият ва аҳамияти таъсиси боғҳои интенсивӣ» бахшида шуда, дар ин маврид номзади илмҳои кишоварзӣ, корманди Институти боғу токпарварии ба номи Мичурини шаҳри Хуҷанд Баҳодур Тошматов ба роҳбарони хоҷагиҳои шаҳрамон маълумот доданд.

Боғҳои интенсивӣ боғҳое ҳастанд, ки дарахтони қадпаст дошта, мувофиқи таҷрибаҳо серҳосил ва ҳосилаш хушсифат аст. Дар машварат аз ҳамин хусус сухан рафта, дар қисми амалӣ тарзи нигоҳубини дарахтони боғоти интенсивӣ, буриши сабзи дарахтон ва шинонидани ниҳолҳо нишон дода шуд.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳр В.Азимов дар суханронии худ таъсиси боғоти интенсивиро мувофиқи мақсад ҳисобида, гузаронидани семинар-машваратҳои омӯзиширо заминаи устувор баҳри ғанӣ гардидани таҷрибаи боғпарварон арзёбӣ намуд.

Возврат к списку новостей