Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

318076
Сегодня
71
На этой неделе
1150
В этом месяце
11954
Итого
318076
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

Ҳисоботи

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом дар   соли 2017

 

Дар соли 2017 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият  кӯшиш ба харҷ доданд, то фаъолияти мунтазаму самараноки соҳаҳои иқтисодиёт ва  иҷтимоиёт таъмин бошад.

 

ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ

Дар соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 94,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 90 млн. 553 ҳазор  сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 85 млн. 277 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 5 млн. 276 ҳазор  сомонӣ кам аст.

Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоӣ) – 95,9 фоиз, андози иҷтимоӣ 93,3 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гардид.

 Аз 12 намуди сарчашмаи андозҳо (бо андози иҷтимоии ғаӣрибуҷети) иҷроиши 9 намуди андозҳо таъмин карда шуд. Аз ҳисоби таъмин нашудани иҷрои нақшаи 3 намуди андоз ба буҷет 4 млн. 837 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2017 3 млн. 932 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали соли ҳисоботӣ 98,0 ҳазор сомонӣ кам аст. Сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷет пайваста мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар давоми соли ҳисоботӣ  оиди     дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ, ки барои ғанӣ гардонидани буҷет  мусоидат менамояд, корҳои  мушаххас ба иҷро расонида шуд:

                                               

САНОАТ

Яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ки дар ташаккулёбии қисми даромади буҷет мавқеи асосиро ишғол менамояд, ин соҳаи саноат аст.

Соли 2016 дар арафаи ҷашни иди байналхалқии «Наврӯз» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Нафтрасон»  ва  коргоҳи банду басти меваи хушки ҶДММ Меваи Канд ба истифода дода шуд ва аз ҳамин давра эҳёи соҳаи саноати шаҳр оғоз ёфт. Танҳо дар 3 соли охир дар шаҳр 19 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 368 адад ва соли 2017 се адад коргоҳҳои саноатӣ бо ташкили 81 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 193 млн. 849 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш 150,3 фоиз  ва нисбати ӯҳдадории қабулшуда 3 млн. 849 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра фаъолияти босамари ҶДММ Конибодом-Коттон, ҶДММ Нафтрасон, Коргоҳи таъмири қатораҳо, ҶДММ Текс-трейд, ҶДММ Ориё- Коттон, ҶДММ Ниҳол ГДТ, ҶДММ Созмон ГДТ, ҶС Набӣ Фахрӣ, ҶДММ Шириниҳои Конибодом ва ҶС Зарбед мавриди қайд аст.

Бо баробари  ин бояд қайд кард, ки ҳолати кор дар ҶС Ресмон, ҶС Конибодом, КИ Ясминаи Канд, ҶС Конибодоммаснуот ва ҶДММ Билол групп ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба масъулини корхонаҳои номбурда оиди ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда борҳо ҳам хаттӣ ва ҳам шифои дастурҳо дода шудааст.

Дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, васеъ намудани истеҳсолот, ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда низ пайваста корҳо идома доранд.

Моҳи октябри соли ҳисоботӣ ҶДММ Шоҳон  аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд.      

Дар ҶДММ «Нафтрасон» бо мақсади тоза кардани нафти хоми маҳаллӣ моҳи октябри соли 2016 сохтмони сехи иловагии тоза кардани нафти хом оғоз ёфта, апрели соли 2017 ба итмом расид.  Имрӯзҳо дар коргоҳ зиёда аз 50 нафар мутахассисон ва коргарони хориҷиву маҳаллӣ фаъолият бурда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи коргоҳҳои коркарди нафти хом дар ҳаҷми 1 млн.481 ҳазор андозҳо пардохт шуданд, ки нисбати давраи муқоисавӣ ба 1 млн. 412 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ Коргоҳҳои коркарди пахта 12067,5 тонна ҳосили пахтаи соли сипаришударо коркард намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 3966 тн зиёд буда, дар ҳаҷми 2 млн.900 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт шуд, ки нисбати соли 2016 ба маблағи 1млн.200 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Бо иқдоми раиси шаҳр муҳтарам Ғайбулло Боҳирӣ  дар ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот Корхонаҳои воҳиди давлатӣ  бо омода намудани 48 адад ҷои корӣ таъсис дода шуд ва фаъолияти онҳо асосан бо тоза нигоҳ доштани муҳити зист, самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ вобаста буда, дар натиҷаи фаъолият аз тарафи ин коргоҳҳо соли 2017 ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт шуданд.  

Шумораи соҳибкорони шаҳр соли ҳисоботӣ 10035 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 745 нафар зиёд буда, аз тарафи онҳо  21 млн сомонӣ андозҳо пардохт гардид. Суръати афзоиши ҳаҷми гардиши савдои чакана  ба 103,1 ва хизматрасонии пулакӣ 107,0 фоиз  расонида шуд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар натиҷаи ҳамаи чораандешиҳои дар боло номбаршуда  дар соли 2017  ба буҷет 85 млн. 277 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоварӣ гардида 11 млн. 736 ҳазор сомонӣ зиёд (73 млн 541 ҳазор сомонӣ дар  соли 2016) мебошад.

 Дар ин давра суръати афзоиши нақшаи андозҳо 8,2 фоиз буда, суръати иҷроиши он 16 фоизро  ташкил додааст.

                 Нақшаҳои соҳаи саноат дар соли 2018

Санаи 28 декабри соли 2017 дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр буҷети маҳаллӣ барои соли 2018 аз рӯи даромад ва хароҷот дар ҳаҷми 53 млн. 593 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардид ва бо мақсади таъмини иҷроиши буҷет нақшаҳо тарҳрезӣ гардидаанд,  аз ҷумла: Соли 2018 дар ҶДММ Нафтрасон  30 ҳ.тн.  ва дар ҶДММ Шоҳон 10 ҳ.тн коркарди нафти хом ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати соли 2017 мутаносибан 20,5 ва 8 ҳ.тн зиёд мебошад.           

Корҳои сохтмонию васлкунӣ дар ҶДММ Билол Суюлин Семент бинобар ба талаботҳои экологӣ ҷавобгӯ набудани хати технологӣ қатъ гардида буд. Ширкати Хитоии “Фей Пенг” азнавсозии хати технологии коргоҳи мазкурро бо риояи пурраи талаботҳои экологӣ ба ӯҳда гирифтааст. Мувофиқи нақша навбати якуми коргоҳи мазкур  20 март, навбати дуюм 20 декабри соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии 600 тн семент дар як шабонарӯз ва бо таъсиси 80 адад ҷои корӣ ба истифода дода мешавад.

Дар Матбааи шаҳрии  Наби Фахрӣ мувофиқи дурнамо  давоми 2 соли оянда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бояд 3 маротиба зиёд шуда, 20 адад ҷои нави корӣ ташкил карда шавад.   

Қайд кардан зарур аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ, ки манбаи асосии воридоти маблағҳо ба буҷет ва таъмини аҳолӣ бо ҷои корӣ мебошанд,  аҳамияти махсус дода шуда, пайваста барои ҳалли мушкилотҳои ба миён омадаи истеҳсолӣ чораҳои муассир андешида мешавад.           

БАРҚ

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ аз тарафи Шабакаҳои барқи шаҳр корҳои муайян ба сомон расонида шуда бошад ҳам, вазъи кор дар самти пардохти маблағи барқи истифодашуда ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 25 млн. 715 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шуда, 22 млн. 644 ҳазор сомонӣ пардохт гардид, ки  88,0 фоизи маблағи қувваи барқи истифодашударо ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, пардохти маблағи қувваи барқ аз тарафи аҳолӣ  ба  85,3 фоиз рост меояд.

Қарзи умумии маблағи қувваи барқи истифодашуда 18 млн. 448 ҳазор  сомонӣ буда,  3 млн. 71 ҳазор сомонӣ қарзи соли ҷорӣ аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагони қувваи барқ, афзоиш додани истеҳсоли он ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа тадбирҳои судманд андешида истодааст ва натиҷаи чунин чорабиниҳо буд, ки имрӯзҳо мардуми ҷумҳурӣ бемаҳдудият бо қувваи барқ таъмин мебошад ва моро зарур аст, ки муносибати худро дар самти самаранок истифодабарӣ ва саривақт пардохт намудани қувваи барқи истифодашуда куллан  дигаргун созем.

                      Нақлиёт

Дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳо муассисаҳои нақлиётии «Сафар-Канд»,  «Салом»,  «Автомотогазсервис» ва  «Мадад - Трейдинг» тавассути 33 адад хатсайр  ва бо ҷалби 350 адад нақлиёт хизматрасонии мусофиркашониро амалӣ менамоянд. Дар ин давра аз тарафи онҳо кашонидани мусофирон 14 млн. 875 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 2 млн. нафар зиёд аст. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр саҳми ронандагони нақлиёти мусофиркаш, бахусус ҶДММ «Сафар-Канд» калон аст.

 Бо баробари ин, роҳбарияти муассисаҳои нақлиётиро зарур аст, ки норасоиро дар самти таъмини ронандагон бо либоси ягона бартараф намуда, сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.  

     КИШОВАРЗӢ

Аз фаъолияти босамари соҳаи кишоварзӣ фаровонии бозори истеъмолӣ, паст шудани нархи молҳои талаботи ҳаррӯза ва ободии дастурхони мардум вобаста аст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 352 млн. 654 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар сатҳи 103,0 фоиз иҷро гардид. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар сатҳи 103,6 фоиз ва чорводорӣ 102,0 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи шакли хоҷагидори ба 11556 тонна,  картошка 1617 тонна, сабзавот 19803 тонна, полезиҳо 10507 тонна, меваҷот 19111 тонна ва ангур ба 862 тонна расонида шуд.           

Дар структураи кишти зироатҳои растанипарварӣ кишти пахта мавқеи марказиро ишғол менамояд.

Соли 2017 аз тарафи кишоварзони шаҳр дар майдони 5094 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки нисбати кишти ҳақиқии соли 2016-ум (4808га) 286 га зиёд аст. Маҳз заҳмати сарҷамъонаи кишоварзон буд, ки 12388 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд ва ин нишондод нисбати соли муқоисавӣ (8576) 3812 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз 1га 24,3 сентнерро ташкил дод. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардид.

Дар заминаи 139 адад хоҷагиҳои деҳқонии таҳти таҷдид ва азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, 7904 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шуд, ки барои боз ҳам самаранок истифодабарии замин мусоидат кард.

Соли ҳисоботӣ бунёди боғу токзори нав 124,4 ва барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна 66 гектар  таъмин гардид, ки  иҷроиш нисбати дурнамо мутаносибан 303 ва 132 фоизро ташкил намуд.

Қобили қайд аст, ки аз тарафи масъулини Идораи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оиди риояи структураи кишт, агротехникаи зироатҳо, таъминот бо техника ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

 

Ҳолати мелиоративии заминҳо

Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва саривақт бо об таъмин намудани зироатҳо асоси ба даст овардани ҳосили дилхоҳ  мебошад.

Дар ин давра ҷамъоварии маблағи обрасонӣ 101,5 фоизро ташкил дода, Канали Калони Фарғона ба масофаи 36 км пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки дар натиҷа ғунчоиши об аз 5 – 10м3  то 15 м3-ро дар бар гирифт. 

Зиёда аз 1080 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардида, дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.

Бо мақсади бо ҳам беҳтар намудани ҳамкори бо Идораҳои масъули давлатҳои ба мо ҳамсоя дар самти истифодабарии оқилонаи об           санаи 13 – сентябри соли 2017 дар сарбанди Равот дар рӯзи «Иди касбии Мелиораторон», чорабинии маданӣ-фарҳангии рӯзи «Дарёи Исфара – дарёи дӯстӣ» кайд карда шуд. Ин маъракаи бошукӯҳ бо дастгирии Лоихаи экологии Осиёи Марказӣ ва Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шахр ташкил карда шуда, мехмонон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Идораҳои болоии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.     

 

СОХТМОН, МЕЪМОРӢ ВА РОҲҲО

Яке аз омилҳое, ки ба намуди зоҳирии шаҳр шукӯҳу шаҳомат мебахшад, ин сохта ба истифода додани иншоотҳои ҳозиразамони таъиноташон гуногун аст.

Дар соли 2017 аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 8 млн. 241 ҳазор сомонӣ корҳои пудрати иҷро карда шуданд. (98%) 

Истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо, корҳои сохтмону васлкунӣ ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли муқоисавӣ мутаносибан ба 142, 132 ва 132,3 фоиз афзуд.

Дар ин давра аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ сохтмони 21 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба маблағи 7 млн. 314 ҳазор сомонӣ ва таъмири 10 адад бино ва иншоотҳои маданию фарҳангӣ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба масофаи 2,1 км, дар ҷамоати деҳоти Э.Шарифов 700 метр ва дар ҳудуди шаҳр 500м2 роҳҳо асфалтпӯш карда шуда,   роҳи кӯчаи  Айнӣ  моҳи июни соли  равон  ба истифода дода мешавад.

Дар заминаи иқдоми Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оиди эълон шудани “Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ” Сохтмони иншооти баландфишори обии Пойменная ба маблағи 560 ҳазор доллари Америкои идома дарад ва бояд то санаи 25 марти соли 2018 ба истифода дода шавад.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур истиқоматкунандагони  кӯчаҳои Айнӣ, Бобокалонов, 8 март, К.Хуҷандӣ, Ленин ва шаҳраки Ҷавонон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.

      

ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ 1944 нафар шаҳрвандон ба шӯъбаи Агентии меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 1768 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 970 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардида, ба 64 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 219 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ дода шуд, ки аз ин теъдод 19 нафар занҳо мебошанд.

 

МУҲОҶИРАТ

 

Ба ҳолати 1 декабри соли 2017 37207 нафар шаҳрвандони шаҳр дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз онҳо 13257 нафар, ё ки 35,6 фоизро занҳо ташкил медиҳанд.

 Дар соли сипаришуда  16171 нафар шаҳрвандони шаҳрамон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки аз ин теъдод 4310 нафар занҳо мебошанд.

 Аз таҳлилҳо бармеояд, ки  дар ин давра аз муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи бонкҳо 65 млн. 274 ҳазор доллар маблағ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба  433 ҳазор доллар зиёд аст.

 Боиси қаноатмандист, ки сафи муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шаҳр хоҳиши таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва сохтани биноҳои истиқоматиро доранд, рӯ ба афзоиш аст ва МИҲДШ ҳама гуна иқдомро вобаста ба ободкорию созандагӣ дастгирӣ менамояд.

    

ШУМОРАИ КОРГАРОНИ МАОШГИР, НАФАҚА

 

Дар давраи ҳисоботи шумораи кормандони маошгир 8762 нафар ва музди меҳнати  миёнаи як корманд  761 сомониро ташкил дод, ки нисбати давраи муқоисавӣ ба 116 сомонӣ зиёд аст. Маоши кормандони соҳаи буҷетӣ барои моҳи декабр  бапуррагӣ пардохт шудааст.

Мувофиқи ташкилоту муассисаҳои буҷети ва ғайрибуҷетии шаҳр қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад.

Дар қайди Раёсати  Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр 18118 нафар нафақахӯрон мавҷуд буда, ба ҳолати имрӯза  нафақаи моҳи декабр дар ду баст мувофиқи ҷадвал пардохт шуда истодааст.

 Боиси қайд аст, ки пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа  бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси вилоят мӯҳтарам Анвар Яъқубӣ, бо роҳандозии ҳамарӯзаи Раиси шаҳр мӯҳтарам Ғайбулло Боҳирӣ ва дар натиҷаи фаъолияти босамари кормандони Нозироти андоз  амалӣ шуда истодааст.

 

МАОРИФ

 

 Масъалаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳо ва сохтмону таъмири биноҳои таълимӣ пайваста зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар олимпидаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр соҳиби 1 медали тилло, 5 медали биринҷӣ гаштанд. 

Аз теъдоди умумӣ  5 нафар хонандагони аълохон гирандагони идрори президентӣ ва 30 нафар гирандагони идрори раиси шаҳр мебошанд. 

Дар озмуни «Ихтироъкорони наврас»  ва озмуни телевизионии “Бозёфт” хонандаи синфи 11-и МТМУ №36 Мамадов Шаҳзод ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби ҷоизаи Раиси вилояти Суғд (мукофоти пулии 5000 сомонӣ) ва тӯҳфаҳои арзишноки панҷ адад  ширкатҳои техникӣ гардид.

Хонандаи синфи 11-уми МТМУ №34 Бегмуродов Юсуф оид ба намуди варзиши сабук (давидан ба 100 метр) чемпиони ҷумҳурӣ гардида, дар чемпионати ҷаҳон аз номи Тоҷикистон иштирок кард.

Соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва падару модарон  барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 679 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ карда шуд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти  ба номи А. Лоҳутӣ сохтмони бинои нави таълимӣ дар МТМУ №29 барои 660 нафар хонанда идома дорад.

 

ТАНДУРУСТӢ

Солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии  тиббӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солим кӯшиш менамояд.

Соли равон  вазъи эпидемиологӣ нисбати бемориҳои сироятӣ беҳтар шуда, бемориҳои домана, сӯхтанӣ, хорӣ ва вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Бемориҳои исҳоли амрози рӯда, лейшманиёзи пӯст,  бемории зардпарвинҳо ва  тепкӣ нисбати соли гузашта кам гардиданд. Фавти кўдакони синни то 1 сола  ва аз 1- сола то 5 сола низ дар муқоиса бо соли гузашта кам шудааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ин муддат аз буҷет ва аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун дар сохтори госпиталӣ  ба маблағи 483 ҳазор сомонӣ ва дар  сохтори Кӯмаки Аввалияи Тиббию Санитари ба маблағи 363 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳо ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст.

                    

ФАРҲАНГ

Дар соли ҳисоботӣ аҳли фарҳанги шаҳр дар озмунҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуданд,  аз ҷумла  дар озмуни вилоятии китобхонаи намунавӣ  китобхонаи марказии шаҳр беҳтарин дониста шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид  идораи бахши фарҳанг ба кохи «Мошинсозон» кӯчонида шуда,  дар бинои мазкур ва ҳудуди он як  қатор корҳои ободонӣ доир карда шуд.

 Моҳи июни соли равон  дар озмуни вилоятии рақси гурӯҳӣ шогирдони мактаби санъати бачагонаи шаҳр  сазовори ҷойи аввал шуданд.

Санаҳои 20-23 сентябр дар шаҳр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Академияи мақоми ҷумҳурӣ Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар ҳунармандон аз ансамблҳои мақомхонони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва гурӯҳи устодони санъати Ҷумҳурии Узбекистон иштирок доштанд.

Алҳол, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар робита бо ташкилоти ғайридавлатии «Имдоди ғайрат» тавассути маблағгузории сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (77000 доллари Амрико) бо мақсади ҳифзу нигаҳдошти мероси ниёгон ва рушди соҳаи сайёҳӣ ёдгории Мадрасаи Бибиойим мавриди таъмиру тармим қарор дода шудааст.

КОР БО ЗАН ВА ОИЛА

 

Соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.

Теъдоди муайяни мардуми шаҳри Конибодом бо дӯхтани либосҳои миллии занона, аз ҷумла аз матои адрасу атлас, ҷомаҳои мардона, қолинбофӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, пухтани нон ва маҳсулотҳои нони,  кандакорӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои қанноди машғуланд ва ба ин васила дастрасии аҳолиро ба ин намуд маҳсулотҳо таъмин намуда, рӯзгори оилаи худро обод менамоянд.

Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 11 адад Марказҳои адрасбофӣ мавҷуданд, ки занону духтарон метавонанд нозукиҳои касби адрасбофиро омӯзанд ва имрӯз дар ин марказҳо 527 нафар ҳунармандон фаъолият дошта, теъдоди занҳои хонашини ба ин шуғл фарогирифташуда 1915 нафарро ташкил медиҳанд.

Соли 2017 аз тарафи марказҳои адрасбофӣ 27650 метр матои адрас истеҳсол карда шуд, ки аз он 26740 метр ба фурӯш рафтааст.

                     

ВАРЗИШ ВА ҶАВОНОН

 

Бо мақсади ҳамаҷониба ба роҳ мондани тарбияи сиёсию маънавии ҷавонон, дар давоми сол 147 маротиба чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла,  93 адад дар самти кор бо ҷавонон  ва 58 адад  мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки наздик  38000  ҷавонон доир карда шуд. 

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ  фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани 29 адад медали тилло, 32 адад  нуқра ва 66 биринҷӣ ноил гардиданд.

 

              ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пурифтихори ҳар як ҷавонписар аст. Маъракаи даъвати тирамоҳи ба хизмати ҳарбӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуда,  нақшаи сафарбаркунӣ барзиёд  100,4 фоиз ба иҷро расонида шуд.                         

    

РАФТИ АМАЛИШАВИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ  МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳру  ҷамоатҳои деҳот 3045 адад тӯю маъракаҳо баргузор гардида, маблағи харҷгардида 17 млн. 671 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як тӯю маросим ба таври алоҳида 5 ҳазору 803 сомонӣ рост меояд.  

Дар ин муддат аз тарафи ҳайати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо  ҷамоатҳои деҳот 1312 маротиба санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуда,  49 адад  ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд ва 98 адад эҳтимолияти ба амал омадани қонуншиканӣ пешгирӣ карда шуд.

Бо баробари ин фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ба талаботи рӯз бапуррагӣ ҷавобгӯ набуда, норасогиҳои соҳа дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки санаи 21 декабри соли сипаришуда баргузор гардида буд, мавриди қайд қарор гирифт ва масъулони соҳаро зарур аст, ки барои сифатан беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои номбурда чораҳо андешанд.

 

ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРӢ

 

Бетараф набудан нисбати амалҳое, ки барои содир намудани ҷиноят сабаб мегардад қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

Дар соли 2017 миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар ҳамаи самтҳои хизматӣ 358 ададро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 5 адад кам буда, фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 93 фоизро  ташкил намуд.

Дар ин давра 3 ҳолати одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба одамкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2 адад кам буда, кушодашавии ин намуди ҷиноят 100 фоизро дар бар гирифт.

Бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратӣ  чорабиниҳои «Маданияти шаҳрдорӣ», «Тартиботи ҳуқуқӣ», «Мадраса», «Шикори ғайриқонунӣ», «Кофтуков», «Наврас», «Пиёдагард», «Кӯкнор-2017»  гузаронида шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуд ва минбаъд низ тавассути баргузории чунин амалиётҳо  баҳри пешрафти ҷомеа, осудагии мардум, сулҳу субот ва амният чораҷӯӣ карда мешавад. 

Муроҷиати  ШАҲРВАНДОН

Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3892 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 749 адад кам аст.

Ҳамаи муроҷиатҳо саривақт баррасӣ  шуда, муаммоҳои ҷойдошта дар асоси қонунҳои амалкунанда ҳалли худро ёфта истодаанд.

Мавриди қайд аст, ки солҳои охир зиёдшавии муроҷиати шаҳрвандон оиди андозбандии андози замини наздиҳавлигӣ ва амволи ғайриманқул ба назар мерасид.               

Доир ба масъалаи мазкур 03 ноябри соли соли 2014, №553 қарори раиси шаҳр оид ба баҳисобгирии  (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ба тавсиб расид.

Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Нозироти андоз, Раёсати молия,  Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои деҳот ва раисони маҳаллаҳо дар ҷамоатҳои деҳот баҳисобгирии  (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаи замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои зерин ба даст омад:

- Маълумотҳои масоҳати замини наздиҳавлигӣ, манзили истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, инчунин маблағи пардохти андози ҳисобшуда барои хоҷагиҳои аҳолӣ аниқ гардида, ҳамаи ҳисоб ба воситаи барнома амалӣ мегардад.

  - Дар санади баҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул масоҳати  қитъаи замин, тамға ва рақами давлатии нақлиёти шахсии шаҳрвандон, рақами телефонии мобилӣ ё хонагии сардори хоҷагӣ навишта шудааст, ки барои саривақт пардохти андозҳо ва дигар ҳолатҳо   зарур аст.

- Ҷамоат, ки нақшаи аниқ ва асосноки ҷамъоварии андозро дорад, имкон пайдо намуд то нақшаи солонаро дар 9 ё 10 моҳи ҳисоботӣ иҷро намуда, дар боқимонда моҳҳои охири сол ба ҷалби раисони маҳаллаҳо ва маълумотномаҳои дақиқ оиди сохтмонҳои манзили истиқоматии навсохтаи шаҳрвандон, ки манбаи иловагии ҷамъоварии андози ғаӣриманқул ба ҳисоб мераванд, нақшаи ҷамъоварии андози ҷамоатро барои соли минбаъда тартиб диҳад. Дар ин ҷо баҳисобгирӣ ( начисление), ки бояд ҳамасола аз тарафи Нозироти андоз дар китоби андози ҷамоат амалӣ кардашавад, ҳалли худро меёбад.

- Дар ин давра аз тарафи гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳоба 30 ҳазорхонаводаҳо ташриф оварда шуда, бо баробари гузаронидани баҳисобгирӣ аз наздик бо шароити зисти шаҳрвандон бохабар гашта, оиди аҳамияти тартиб додани шиносномаи техникии манзили шахсӣ, рақамгузории ҳавлиҳо, маданияти андозсупорӣ, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва оқилона истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Самти асосии фаъолияти  ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр – ин ба амал татбиқ намудани сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини кафолати хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ дар маҳал мебошад.

Бо мақсади дастгирии  пиронсолони яккаву танҳо дар  Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои 28 нафар  ҳамарӯза  як маротиба хӯроки гарм ташкил карда шуда, барояшон шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Санаи 19 октябри соли ҳисоботӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва бо маблағгузории сафоратхонаи давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд сохта ба истифода дода шуд.

Дар Марказ таъсиси 16 адад ҷои корӣ бо ҷалби духтурони самтҳои гуногун, ки дар давоми сол ба 350 нафар кӯдакони маъюб хизмати тиббии ройгон мерасонанд, пешбинӣ шуда, дарсҳои омӯзиши мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, омӯзиши компутер бо истифода аз китобхонаи Марказ ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, нобиноён, кару гунгҳо, Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, собиқадорони ҷанговарони байналмиллал, бартарафнамоии садамаи Чернобил, иттифоқи барқароркунии сохти конститутсионӣ ҳамкории зич дошта, барои пурсамар фаъолият намудани онҳо пайваста мусоидат менамояд.

Дар соли 2017 дар арафа ва рӯзҳои ҷашни иду маросимҳо   аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Шӯрои кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои сарпараст ва соҳибкорони саховатманд ба ниёзмандон ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддию пулӣ расонида шуд.    

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз дастуру супоришҳо ва роҳандозии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо  барои  бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва дар ин замина саривақт иҷро намудани ӯҳдадориҳои иҷтимоию вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд.