Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1133902
Сегодня
46
На этой неделе
46
В этом месяце
2340
Итого
1133902
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

Новости города

Дата добавления: 31.03.2015

Санаи 28 Март бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр, фарҳангу маданият ва кору пешрафти сокинон сафири давлати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачардҷи ба шаҳри Конибодом ташриф овард.

Дата добавления: 31.03.2015

Бо фарорасии фасли баҳор барои кишоварзони шаҳрамон низ мавсими кишту кори баҳорӣ оғоз гардид. Деҳқонони хоҷагии деҳқонии ба номи Раҳбар Қосимов бо роҳбарии сардори хоҷагӣ Муҳиддин Низомиддинов аввалин шуда, ба кишти баҳорӣ шурӯъ намуданд.

Дата добавления: 31.03.2015

Оғоз гардидани мавсими кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ деҳқонону кишоварзони шаҳри Конибодомро низ сертараддуд намудааст. Аҳли кишоварзон ва боғпарварони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар мавсими имсолаи ниҳолшинониву ободонӣ бо дастгирии Раиси шаҳр дар назди ҷамоат хоҷагии нав ташкил намуда, дар 7 гектар замин ҷиҳати бунёди боғи ангурзор асос гузоштанд.

Дата добавления: 26.03.2015

Дар доираи тантанаҳои Наврӯзӣ дар шаҳрамон якчанд иншоотҳои наврӯзӣ ба фаъолият шурӯъ карда, амалҳои хайру саховатмандона ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷониби соҳибкори туркӣ Алиҷони Азизӣ ва дӯзандаи соҳибтаҷриба аз Конибодом Ойдиной Тошпӯлодова ва бо дастгирии маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корхонаи дӯзандагии «Гулдаст 2015» кушода шуд.

Дата добавления: 26.03.2015

Наврӯз ҷашни меҳрубониву саховат ва хайру эҳсон аст. Амалӣ намудани ин рукни басо муҳими Наврӯз ба тантанаҳои Наврӯзии шаҳрамон шукӯҳи хоса бахшид.

Дата добавления: 26.03.2015

Дар озмуни Бодбараки наврӯзӣ толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳрамон иштирок карда, маҳорати худро дар сохтани беҳтарину зеботарин бодбараки Наврӯзӣ нишон дода, бодбараки баландпарвози хонандагон аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ ва бо тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Дар бодбаракҳо навиштаҳои «Наврӯз-2015», «Наврӯз муборак» ва расми парчаму рамзҳои Тоҷикистон сабт карда шуда, аз фарорасии Наврӯзи аҷам муҷдарасон гардиданд.

Дата добавления: 24.03.2015

Дар шаҳрамон ҷашнгирии Иди Наврӯз бо иштироки васеи сокинон дар фазои ободу шукргузорӣ аз тинҷиву шукуфоии ватан идома дорад. Аз ҷониби сокинон тамому рукну оинҳои марбут ба Наврӯз бо муҳаббати хоса нишон дода мешаванд.

Дата добавления: 22.03.2015

Ҷашни фархундаи Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори шаҳр бо тантанаву шукӯҳи хоса таҷлил шуда истодааст. Имрӯз бахшида ба Иди Наврӯзи хуҷаста консертҳои фароғатӣ дар боғи истироҳатии шаҳр ва сайругашти оммавӣ баргузор гардида, ҳамчунин аксия-фуруши симкортҳои Мегафон-Тоҷикистон, тамошо ва бозиҳои гуногуни идона барои кӯдакон пешкаш карда шуд.

Дата добавления: 21.03.2015

Имруз кадами сабзи бахор ва накхати диловези Наврузи некпай замину замонро нуру сафо, калбҳоро гармиву мухаббат бахшида, тарабу шодмонихои Наврузӣ дар хар як хонаву манзил, махаллу дехот ва дар саосари кишвари бахорогуши мо танинандоз гардидааст.

Дата добавления: 21.03.2015

Ҷашни ҷамшедӣ бахусус дар маҳаллаву деҳоти мардуми тоҷик басо саммиву тоҷикона таҷлил мегардад. Дар кумитаи маҳаллаи Шарифҷон Хусейнзодаи шаҳр тантанаи баҳору Наврӯз, ҷашни ҳумоюнии хусравонӣ бо риояи суннатҳои наҷиби тоҷикон баргузор карда шуд.

Дата добавления: 19.03.2015

1. Чорабиниҳои консертию фароғатӣ ва сайругашти оммавӣ. Макон: Чойхонаи ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳат, оғоз соати 10:00.

Дата добавления: 18.03.2015

Ҳамасола дар арафаи Иду ҷашнҳои бошукӯҳ заҳмату меҳнатҳои собиқадорони меҳнат ва пирони рӯзгордида аз ҷониби Сарвари давлат қадршиносӣ гардида, бо тӯҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.

Дата добавления: 17.03.2015

Санаи 24 март – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза муқобили бемории сил қайд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз имрӯз, 17. 03. 2015 озмуни расмкашӣ дар рӯи асфалт дар байни хонандагону наврасон гузаронида шуд.

Дата добавления: 14.03.2015

Имрӯз санаи 14-март бо мақсади дар сатҳи баланди тозагиву ободонӣ пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Конибодом шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуда, сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун дар он фаъолона иштирок карданд

Дата добавления: 13.03.2015

Санаи 13-Март дар шаҳрамон барои шаҳрвандони дар эҳтиётқарордоштаи Қувваҳои мусаллаҳ машқҳои ҳарбии оташфишонӣ гузаронида шуд. Дар оғози ҷамъомад бо иштирокчиён гузаронида шуда, тарзи истифодаи яроқ, қисмҳои он ва оташфишонӣ фаҳмонида дода шуд. Дар ин чорабинии ҳарбӣ зиёда аз 400-нафар ҷавонмардон иштирок намуданд.

Дата добавления: 12.03.2015

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи 1-ум, даъвати 5-уми маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардид.

Дата добавления: 07.03.2015

Тибқи лоиҳа аз ҷониби намояндагии дафтари Шветсария дар Тоҷикистон ба театри давлатии драмаӣ-мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳр таҷҳизоту техникаи замонавии равшанидиҳанда ва тақвияти овоз, баландгӯякҳои беҳтарини муосир оварда шуд.

Дата добавления: 07.03.2015

Санаҳои 7-8-Март дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Конибодом низ иштирок карда, бо дастовардҳои назаррас баргаштанд.

Дата добавления: 06.03.2015

Ба шӯъбаи таваллудкунонии Беморхонаи Марказии Шаҳр бо маблағгузории сафоратхонаи давлати Ҷопон дар Тоҷикистон таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ваакум-экстратор, 3 адад инкубатор барои навзодони норасидтаваллудшуда, 30-адад катҳои хоб харидорӣ гардид. Инчунин шӯъбаи мазкур аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар таъмиру таҷдиди шӯъба сохтмончиёни ДСМ 42 кор кардаанд.

Дата добавления: 05.03.2015

Дар шаҳрамон бо иштироки 400 нафар донищҷӯдухтарон машқҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ идома дорад. Имсол ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз дар вилояти Суғд баргузор мегардад, ки дар он ҳайати бонуфузи меҳмонон аз садҳо давлатҳои хориҷи кишвар иштирок менамоянд.