Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128204
Сегодня
7
На этой неделе
497
В этом месяце
400
Итого
1128204
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

Новости города

Дата добавления: 22.03.2015

Ҷашни фархундаи Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори шаҳр бо тантанаву шукӯҳи хоса таҷлил шуда истодааст. Имрӯз бахшида ба Иди Наврӯзи хуҷаста консертҳои фароғатӣ дар боғи истироҳатии шаҳр ва сайругашти оммавӣ баргузор гардида, ҳамчунин аксия-фуруши симкортҳои Мегафон-Тоҷикистон, тамошо ва бозиҳои гуногуни идона барои кӯдакон пешкаш карда шуд.

Дата добавления: 21.03.2015

Имруз кадами сабзи бахор ва накхати диловези Наврузи некпай замину замонро нуру сафо, калбҳоро гармиву мухаббат бахшида, тарабу шодмонихои Наврузӣ дар хар як хонаву манзил, махаллу дехот ва дар саосари кишвари бахорогуши мо танинандоз гардидааст.

Дата добавления: 21.03.2015

Ҷашни ҷамшедӣ бахусус дар маҳаллаву деҳоти мардуми тоҷик басо саммиву тоҷикона таҷлил мегардад. Дар кумитаи маҳаллаи Шарифҷон Хусейнзодаи шаҳр тантанаи баҳору Наврӯз, ҷашни ҳумоюнии хусравонӣ бо риояи суннатҳои наҷиби тоҷикон баргузор карда шуд.

Дата добавления: 19.03.2015

1. Чорабиниҳои консертию фароғатӣ ва сайругашти оммавӣ. Макон: Чойхонаи ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳат, оғоз соати 10:00.

Дата добавления: 18.03.2015

Ҳамасола дар арафаи Иду ҷашнҳои бошукӯҳ заҳмату меҳнатҳои собиқадорони меҳнат ва пирони рӯзгордида аз ҷониби Сарвари давлат қадршиносӣ гардида, бо тӯҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.

Дата добавления: 17.03.2015

Санаи 24 март – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза муқобили бемории сил қайд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз имрӯз, 17. 03. 2015 озмуни расмкашӣ дар рӯи асфалт дар байни хонандагону наврасон гузаронида шуд.

Дата добавления: 14.03.2015

Имрӯз санаи 14-март бо мақсади дар сатҳи баланди тозагиву ободонӣ пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Конибодом шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуда, сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун дар он фаъолона иштирок карданд

Дата добавления: 13.03.2015

Санаи 13-Март дар шаҳрамон барои шаҳрвандони дар эҳтиётқарордоштаи Қувваҳои мусаллаҳ машқҳои ҳарбии оташфишонӣ гузаронида шуд. Дар оғози ҷамъомад бо иштирокчиён гузаронида шуда, тарзи истифодаи яроқ, қисмҳои он ва оташфишонӣ фаҳмонида дода шуд. Дар ин чорабинии ҳарбӣ зиёда аз 400-нафар ҷавонмардон иштирок намуданд.

Дата добавления: 12.03.2015

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи 1-ум, даъвати 5-уми маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардид.

Дата добавления: 07.03.2015

Тибқи лоиҳа аз ҷониби намояндагии дафтари Шветсария дар Тоҷикистон ба театри давлатии драмаӣ-мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳр таҷҳизоту техникаи замонавии равшанидиҳанда ва тақвияти овоз, баландгӯякҳои беҳтарини муосир оварда шуд.

Дата добавления: 07.03.2015

Санаҳои 7-8-Март дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Конибодом низ иштирок карда, бо дастовардҳои назаррас баргаштанд.

Дата добавления: 06.03.2015

Ба шӯъбаи таваллудкунонии Беморхонаи Марказии Шаҳр бо маблағгузории сафоратхонаи давлати Ҷопон дар Тоҷикистон таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ваакум-экстратор, 3 адад инкубатор барои навзодони норасидтаваллудшуда, 30-адад катҳои хоб харидорӣ гардид. Инчунин шӯъбаи мазкур аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар таъмиру таҷдиди шӯъба сохтмончиёни ДСМ 42 кор кардаанд.

Дата добавления: 05.03.2015

Дар шаҳрамон бо иштироки 400 нафар донищҷӯдухтарон машқҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ идома дорад. Имсол ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз дар вилояти Суғд баргузор мегардад, ки дар он ҳайати бонуфузи меҳмонон аз садҳо давлатҳои хориҷи кишвар иштирок менамоянд.

Дата добавления: 05.03.2015

Имрӯз и.в.Раиси шаҳри Конибодом Ғ.Боҳирӣ ва муовини аввали вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нӯъмон бахшида ба Рӯзи Модар ба Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳабиба Каримова табрикот ва тӯҳфаи пулии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро расонида, Ӯро бо иди баҳору зебоӣ табрик намуданд.

Дата добавления: 04.03.2015

Аз ҳавзаи интихоботии Конибодом -19 аз байни 3 нафар номзадҳо Раҷабов Равшан Муҳиддинович вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, имрӯз ба вакили тозаинтихоб шаҳодатномаи вакилӣ супорида шуд.

Дата добавления: 03.03.2015

Дар шаҳрамон бахшида ба соли оила озмуни “Бибиҷони қиссагӯ” баргузор гардид,ки дар он 7 нафар бибиҳои қиссагӯву бомаҳорат ва соҳибҳунар миёни ҳам аз рӯи шартҳои пазандагӣ, қиссаву афсонагӯӣ,саволу ҷавоб оид ба рӯзгордорӣ ва иҷрои суруди фолклорӣ қувваозмоӣ карданд.

Дата добавления: 02.03.2015

Имрӯз дар гимназияи №1-и ш.Конибодом ҷамъомади кушодашавии нуқтаи бақайдгирии довталабон ба низоми нави маркази миллии тестӣ баргузор гардид.Имсол довталабони шаҳрҳои Исфараю Конибодом чун соли гузашта ба ш.Б.Ғафуров нарафта,дар ш.Конибодом, гимназияи рақами 1 имконияти аз қайд гузаштанро пайдо намуданд.

Дата добавления: 01.03.2015

Дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот 2015 сокинони шахрамон бо шукргузори аз тинчиву ободии ватан фаъолона иштирок карданд. Шумораи интихобкунандагон дар шаҳрамон 96430 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 4270 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Дата добавления: 28.02.2015

Бо мақсади саривақт ва бо сифати баланд аз таъмир баровардани тракторҳо, тухмипошакҳо ва дигар намуди техникаҳои кишоварзӣ, омода намудани онҳо ба мавсими кишти баҳорӣ аз ҷониби мутахассисони сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати кишоварзии шаҳр дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳрамон боздиди санҷишӣ гузаронида шуд.

Дата добавления: 28.02.2015

Бахшида бо Соли 2015 – Соли гулҳо бо иқдоми шаҳрдорӣ дар шаҳрамон корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза дошта, дар як қисмати боғи истироҳатии шаҳр, қафои чойхонаи «Дилписанд» хиёбони фароғатӣ бунёд карда мешавад.