Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1133896
Сегодня
40
На этой неделе
40
В этом месяце
2334
Итого
1133896
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

Новости города

Дата добавления: 30.05.2015

Дар доираи чорабинихои «Ҳафтаи кӯдакон» консерти ҳисоботии санъаткорони навраси мактаби санъати бачагонаи шаҳр баргузор гардид. Дар он хонандагони шӯъбаи навозандагӣ, сарояндагӣ, рақс, актёрой ва ғайраҳо ҳунари дар як соли хониш андӯхтаи худро бо маҳорати баланд нишон доданд.

Дата добавления: 29.05.2015

Ба пешвози Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар шаҳрамон “Ҳафтаи кӯдакон” эълон гардидааст.

Дата добавления: 28.05.2015

Субҳи 28 Май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ ва боздиди соҳаи кишоварзӣ ба шаҳрамон ташриф овард.

Дата добавления: 27.05.2015

Мадрасаи Мирражаб Додхоҳ, ки ҳоло ҳамчун осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ фаъолият дорад, бо маблағгузории Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон қисман аз таъмири хушсифат бароварда шуд.

Дата добавления: 27.05.2015

Мадрасаи мазкур аз тарафи ҳокими ҳамон давра Мирраҷаб Додхоҳ сохта шуда, дар он асосан писарбачаҳо таҳсил мекарданд. Домулло - Олим дар ин мадраса мударрис буд.

Дата добавления: 27.05.2015

Аз ҷониби прокуратураи шаҳр дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Қасри фарҳанги “Мошинсозон” мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони шаҳр, ҷавонону наврасон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гардид.

Дата добавления: 23.05.2015

Дар шаҳрамон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки бо иштироки ҷавонон ва сокинони шаҳр сурат гирифт.

Дата добавления: 23.05.2015

Намоишномаи нави театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳрамон “Вакҳабонувон” дар саҳнаи театр манзури дӯстдорони санъати театрӣ гардонида шуд.

Дата добавления: 23.05.2015

Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили Канали Калони Фарғона, ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон аксияи “Тозагии соҳил ” гузаронида шуда, ҷавонону сокинони ҷамоати деҳоти Пӯлодон ҳама якҷоя дар тозагии муҳити зист ва аз партовҳо тоза намудани соҳил иштирок намуданд.

Дата добавления: 23.05.2015

22 Май гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳайати мутахассисонии соҳаи кишоварзӣ бо роҳбарии муовини Раиси Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев ба шаҳрамон ташриф оварда, дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо вазъи корҳои саҳроӣ, кишти пахта ва нашъунамои он, таъмини оби полезӣ, таъмини озуқа, коркарди зироатҳо ва нармкунии замин шинос гардиданд.

Дата добавления: 22.05.2015

Аввалин килограмҳои пилла аз ҷониби кирмакпарварони шаҳрамон ба хирман ворид гардид.

Дата добавления: 21.05.2015

Санаи 20 май ба пешвози Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр озмуни вилоятии “Шукуфаҳои истиқлол” баргузор гардид.

Дата добавления: 21.05.2015

Санаи 20 май дар Қасри фарҳанги «Мошинсозон» консерти ҳисоботии ансамбли Шашмақоми назди шӯъбаи фарҳанг баргузор гардид.

Дата добавления: 21.05.2015

Дар коллеҷи омӯзгории шаҳр мулоқоти адибону шоирони маъруфи вилояти Суғд бо ҷавонон доир гардид.

Дата добавления: 20.05.2015

Инак пас аз чанд муддат мавсими таътили тобистонаи мактаббачагон фаро мерасад. Бо мақсади бо истироҳати хуб фаро гирифтани мактабиёну наврасон алҳол омодагиҳо дар урдугоҳҳои бачагонаи шаҳрамон идома дорад.

Дата добавления: 18.05.2015

127-умин маҳфили илмӣ-адабии адибону суханварони вилояти Суғд “Ганҷи сухан” дар шаҳрамон баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли адабу сухан, дӯстдорони адабиёт ва навыаламони шаҳр иштирок карда, аз сӯҳбати адибону суханварони маҳфили мазкур баҳраманд гардиданд.

Дата добавления: 18.05.2015

Бо ташаббуси бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр боздиди хонандагону толибилмони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар қисми низомии шаҳрамон баргузор гардид.

Дата добавления: 17.05.2015

Дар доираи 30 рӯзи ҷавонӣ санаи 17 май дар шаҳрамон Рӯзи дави миллӣ баргузор гардида, бо иштироки Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ, сокинон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун сурат гирифт. Иштирокдорони дави миллӣ ба масофаи 3 км давида, дар байни калонсолон, наврасон ва ҷавонон бахогузорй гардид.

Дата добавления: 16.05.2015

Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳр Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ таҳти унвони “Таронаи ваҳдат” бахшида ба 3000 солагии ноҳияи Ҳисор баргузор гардид.

Дата добавления: 15.05.2015

Чуноне ки каблан иттилоъ дода будем, шӯъбаи таваллудкунонии Беморхонаи марказии шаҳрамон бо маблағгузории сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон аз таъмири пурраи хушсифат бароварда шуда, якчанд дастгоҳҳои замонавии тиббӣ харидорӣ гардид.