Председатель города

Боҳирӣ Ғайбулло Нозир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

334340
Сегодня
408
На этой неделе
1445
В этом месяце
10459
Итого
334340
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Муроҷиат ба шаҳрвандони Конибодом. Ҳамшаҳриёни азиз! ************* Ба диққати шаҳрвандон ************* Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

17.07.2017

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 

- сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр,

- мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, 

- сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,

- мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов,

- мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Пӯлодон,

- мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Пӯлодон,

- мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев,

- сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ

- сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Патар

 

1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳои сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, сармутахассиси шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ, сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Патар;

 

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

Маоши мансабӣ 852,80 сомонӣ, аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

2. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳои мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов, мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Пӯлодон, мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев;

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; 

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер, донистани забонҳои хориҷӣ.

 

Маоши мансабӣ 696,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

 

        3.Талаботи тахассусӣ ба довталаб мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Пӯлодон;

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- кор карда тавонистан бо компютер;

Маоши мансабӣ 572 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали тарифӣ.

4. Довталабон бояд дорои малакаи хуби муошират, аз ҷумла  маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

5. Довталабон метавонанд бо дигар талаботҳои тахассусии мансабҳои мазкур дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо маълумоти иловагӣ дар Веб-сайти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр www.konibodom.tj шинос шаванд.

6. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси шаҳри Конибодом;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

-нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

 

7. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр дар мўҳлати 21 рўзи баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд.

 

Суроға: шаҳри Конибодом, кўчаи Ю.Ёдгоров 73, индекс:735900,телефон 834-67-3-41-20,www.konibodom.tj 

Возврат к списку новостей