Посетители
1133902
Сегодня
46
На этой неделе
46
В этом месяце
2340
Итого
1133902
04.04.2021
Гусели фарзандони ба номуси ватан ба сафи куввахои мусаллах
Субҳи 2юми апрел дар майдони Исмоили Сомонӣ гусели аввалин гурӯҳи 46 нафараи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Ба ин муносибат бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон,волидону пайвандон ва худи даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар оғоз Раиси шаҳр Тӯхтасунзода Абдусалом ба сухан баромада аз сиёсати имрӯзаи ҳукумату давлат, шароиту имконоти мавҷудаи хизмат дар қисмҳои низомӣ ва ободиву сарсабзии Ватан ҳарф зада ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно кард ва азму иродаи ватандӯстонаи онҳоро намунаи баланди ибратпазирӣ барои ҷавонон арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ғаниев Н., волидони наваскарон ва худи даъватшавандагон баромад карда оиди ифтихори ватандӯсти, адо кардани қарзи шаҳрвандӣ ва адои рисолати ҷавонмардӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад, суханронӣ намуданд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, барои даъватшавандагон дастурхони идона ороста шуд.
Дар чунин фазои пуршукӯҳу мутантан ва таҳти суруду оҳангҳои рӯҳнавози ватандӯстона ҷавонписарон бо рӯҳияи болида ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?