Посетители
1133904
Сегодня
48
На этой неделе
48
В этом месяце
2342
Итого
1133904
22.03.2021
ТАЧЛИЛИ НАВРУЗ ДАР КОНИБОДОМ
Сокинони шахру дехоти Конибодом чашни байналмилалии Наврузро бо шукронаи сохибистиклолии милливу давлати́, фазои сулху вахдат ва вусъати раванди бунёдкориву созандаги́ дар мамлакат бо шукуху шахомати хоса тачлил намуданд.
Дар даромадгохи касри фарханг махсули хунархои халки́, аз кабили кашидадузиву дуредгари́, токидузиву чомадeзи́, кандакори́, гахворасозиву зардузи, охангари, сабадбофи, дастранчи гулпарварону дустдорони табиати зинда (аз муассисахои маориф) ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Намоиши тарики анъанавии истикболи Навруз – омода намудани таому хуришхои болаззати бахори, ороиши дастархону суманакпази, баргузории тeйи арусиву маросимхои келинсалом ва гахворабандон рухи мехмонон ва ширкатдорони чорабиниро болида гардониданд.
Дар кисмати расмии чорабини́, ки бо рамзхои давлати́, парчамхои рангоранги идона, шиору овезахои тараннумгари Навруз оро дода шуда буд,чамъомад доир гардид.
Дар чараёни он раиси шахри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода, намояндаи Хукумати чумхури Бохири Гайбулло Нозир, намояндаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд Хакимчон Хакимзода баромад намуда, бо баробари тахниятгуйии мардум, чанбахои бузурги ахлоки́ ва чойгоху макоми хосаи Навру́зро дар фарханги халкхои кишвархои чашнгирандаи Иди чамшеди́, хоса точикон тазаккур доданд.
Зимнан гуфта шуд, ки суннати бехтарини Навруз бахшиши гуноххо, навозиши ятимону аёдати маъюбон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст, то фарорасии Соли нави миллиро хамагон ба шодию хурсанди́ истикбол намоянд.
Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи консертии саршори шукронаи бахору Навруз, ва эхсосоти начиби айёми шукуфои́ бо иштироки санъаткорони бахши фарханги шахр анчомбахши тантанахои идона гардиданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?