Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1133902
Сегодня
46
На этой неделе
46
В этом месяце
2340
Итого
1133902
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

20.03.2021

Паёми табрикии Раиси шаҳр муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Иди Навруз

Хамдиёрони азиз!
Фарорасии чашни Навру́зи байналмилалиро, ки дар соли таърихии тачлили 30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон ба вуку́ъ мепайвандад, ба кулли сокинони Канди бостони́ самимона табрику тахният мегу́ям.
Ба шарофати истиклолу озоди́ имру́зхо мардуми сарбаланду шарафманди кишвари азизу махбубамон, аз чумла сокинони диёри куханбунёди мо низ бо шукргузори́ аз сулху суботи комил зеботарин чашни мардуми ориёи́ - соли нави ачдодиамон – Навру́зи чахонафру́зро бо суруру шодмони́ ботантана пешвоз мегиранд.
Басо фарахбахшу гуворост, ки табиати нотакрори диёри зебоманзари мо бо кадамхои бахори оламафру́з аз нав зиндаву бедор гардида, мавсими огози кишту кори бахори́ хамагонро ба корхои созандагиву бунёдкорона рахнамун месозад.
Мо аз он ифтихор дорем, ки аз файзу баракати Истиклолият ашни кадимаи миллиамон - Навруз эхё ва байналмилали́ гардида, сол то сол файзу шукухи он афзунтар мегардад ва хамасола бо таровати тоза чашн гирифта мешавад.
Мардуми тамаддунофару фархангсолори мо Наврузро на танхо чашни огози сол ва эхёи табиат, балки таконбахши андешаи тахаммулгарои́, вахдату сарчамъи́ ва хамчун суннати мукаддас аз насл ба насл мерос гузошта, барои пойдории он талош варзидаанд. Дар тули хазорсолахо Наврузро бо расму оин ва суннатхои хоса чашн гирифта, ба ин васила бехтарин хунару истеъдод ва хислатхои неки инсониро инъикос мекарданд.
Асосгузори сулху Вахдати милли́ - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали́ Раьмон дар суханронихояшон таъкид доштанд, ки: «Имруз мо бо ифтихору шодмони́ эълон медорем, ки Наврузи даврони истиклол паёмовару огозгари рузгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мо мебошад».
Басо рамзист, ки имсол низ Наврузи чахонафруз бо хама зебу зиннат, рангорангиву рухи зиндагисозаш ва пайку муждахои бахори́ фаро расида, чун сарогози хаёти нав ва амали́ шудани ормонхои начиб хар яки моро ба худогохиву худшиносии милли́ ва бахри расидан ба орзуву ниятхои нек хидоят менамояд.
Мухимтар аз хама, дар ин рузхои фарахбахш амалхои хайру савоб, дастгирии ятимону барчомондагон ва маъюбону ниёзмандон рисолати инсонии хар фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Таманнои онро дорем, ки Наврузи хучастапай ба диёри офтобии мо нишоту сарсабзи́, осоишу ободи́ ва баракату фаровони́ хадия намояд.
Бори дигар, тамоми сокинони шахрро бо фарорасии Соли нави ачдоди́ - Наврузи оламафруз самимона шодбоши́ намуда, бахратон тани дурусту хотири чамъ, комёби́, саодату нусрати зиндаги́ ва файзу баракати навру́зи́ рзу менамоям.
Чашни Навру́зи чахони́ муборак, хамдиёрони азиз!
Возврат к списку новостей