Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1133899
Сегодня
43
На этой неделе
43
В этом месяце
2337
Итого
1133899
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

01.03.2021

Маҳфили илмӣ - адабӣ таҳти унвони "Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ"

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 26 феврали соли ҷорӣ маҳфили илмӣ - адабӣ таҳти унвони "Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ" баргузор гардид. Чорабиниро муовини раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Замирахон Ашурматзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба нақши занону бонувон дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ сухан намуданд. Дар чорабинӣ намояндагони Шӯрои вилоятӣ Аъзамҷон Ҳотамӣ ва Суҳроб Рустамзод иштирок намуда, оид ба дастовардҳои занону бонувон изҳори андеша карданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавзуна Ҷӯраева дар мавзӯи "Баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа - меҳвари калидии сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат", собиқадори хизмати давлатӣ Солеҳа Ваҳҳобова дар мавзӯи "Аз таърих ва дастовардҳои замони Истиқлолияти кишвар" ба маърӯза баромаданд. Духтарони фаъоли шаҳр дар васфи модар шеърҳо қироат намуда, намояндагони бахши фарҳанги шаҳр чорабинии ҷолиби фарҳангиро пешкаши ҳозирон намуданд. Иштироки модарону бонувони барӯманди шаҳр, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр солҳои тӯлонӣ хизмат намудаанд, ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшид. Ҳунармандзанон ва модарони сарбозон, ки фарзандонашон дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адои хизмат доранд, бо тухфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Возврат к списку новостей