Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1133904
Сегодня
48
На этой неделе
48
В этом месяце
2342
Итого
1133904
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

27.02.2021

Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд

26 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу ҳусни оғоз бахшид.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани масоҳати боғот ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аъзои хоҷагии деҳқонии “Навбаҳор”-и шаҳри Конибодом тасмим гирифтаанд, ки дар наздик чор гектар боғи нави зардолу бунёд намоянд.
Раиси вилоят зимни ширкат дар маъракаи ниҳолшинонӣ барои тавсеаи майдони боғот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти зардолуи тару хушк, истифодаи самараноки замини қатори боғот ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Таъкид карда шуд, ки кишоварзони Конибодом дар самти парваришу дарахтони зардолу ва рӯёнидани ҳосили хуби зардолу таҷрибаи бой дошта, умед аст, ки аз боғи нав низ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.
Боиси зикр аст, ки боғпарварӣ аз шуғлҳои сердаромади сокинони Конибодом буда, айни замон бо сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар боғоти минтақа корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ ба роҳ монда шудааст. Кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисон баҳри пешгирии таъсири сардӣ дар боғот ва эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Сугд
Возврат к списку новостей